Барфрезиҳои зиёди рӯзи 16 январ ба якчанд ҳодисаи тармафароиҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб боис гардиданд.
Аз ҷумла, дар километрҳои 334-344-363 ва 364 роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ дар қаламрави ноҳияи Дарвоз, дар километри 462 роҳи ноҳияи Ванҷ, километрҳои 566-574 ноҳияи Рӯшон, 559-594 ноҳияи Шуғнон тарма фаромад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, тарма дар роҳи Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ –Мурғоб сабабгори қатъи муваққатии ҳаракати мошинҳо шуда, роҳи мошингарди Рашт - Сангвор - Лахш – марзи Ҷумҳурии Қирғистон баста шуд.
Дар ҳамин ҳол, аз тармаи фаромада ба деҳаи Пашори ноҳияи Шуғнон се манзил қисман осеб дида, талафоти ҷонӣ нест ва мардум аз он эмин мондаанд. Ба сокинони манзилҳои осебдида ҳукумати маҳаллӣ кумак мекунад.
Гуфта мешавад, дар ҷойҳои лағзиши тарма техникаи поккунандаи роҳ сафарбар шуда, дар муддати кутоҳ роҳҳо барои аз сар гирифтани ҳаракати мошинҳо омода мешаванд.
Дигар роҳҳои мошингарди кишвар аз пойтахт ба минтақаҳои ҷумҳурӣ барои ҳаракати ҳама гуна навъи воситаҳои нақлиёт боз аст.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар давраи аз 17 то 20 январ дар доманаҳои қаторкӯҳи Ҳисор (Варзоб - Анзоб), мавзеи кӯҳистони ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи ғарби ВМКБ (Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим) эҳтимоли хавфи тармафроӣ боқӣ мемонад.
Дар шоҳроҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ дар робита ба боришоти зиёд, рух додани ҳодисаҳои барфрезии ниҳоят зиёд, яхбандии баъзе қитъаҳо ва хатари тармафароиҳо имкон дорад. Дар аксар роҳҳои ноҳияҳои кӯҳӣ туман боқӣ мондааст, ки ҳаракати мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Рӯзи 20 январ дар ҷумҳурӣ (ба ҷуз ВМКБ) обуҳавои ноустувор ва боридани борону барф, дар баъзе минтақаҳо боришоти шадид дар назар аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тавсия медиҳад, ки дар роҳҳои кӯҳистон ҳангоми гузаштан аз қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ риояи масофаи на камтар аз 500 метр байни воситаҳои нақлиёт зарур аст.
Бо мо дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бимонед.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста