Сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷики ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қатли ҳамсараш боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимаи рӯзи 15-уми май дар ҳудуди ин ҷамоат ҷасади зани 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудааст.

“Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳари зани марҳум, марди 54-солаи сокини ҷамоати деҳоти Иван-тоҷик дастгир карда шуд”, - омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, номбурда, шаби 11 ба 12-уми октябри соли 2018 дар ҳавлии истиқоматиаш бо ҳамсараш муноқиша ва ҷангу ҷанҷол карда, бо чӯбдаст якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Баъдан шавҳараш ӯро дар селофан мепечонад ва ба чуқурии 2 метр дар назди ҳавлии истиқоматиаш гӯронида, барои рӯйпӯш намудани ҷинояти худ аз болояш ба миқдори 2 мошини боркаш масолеҳи сохтмониро партофтааст”, - қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.