Дар муассисаи ислоҳии №3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Ваҳдат санаи 19 май байни маҳбусон ва нозирони муассиса задухӯрд ба амал омад.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, соати 20:30 дақиқаи рӯзи якшанбе 50 нафар маҳбусони хатарнок, ки барои пайравӣ ба “Давлати исломӣ” маҳкум шудаанд, бо корду дигар асосбҳои буранда мусаллаҳ шуда, 3 корманди муассисаро гаравгон гирифта, сипас онҳоро куштаанд.
“Дархости кормандони муассисаро дар мавриди қатъи бетартибиҳо ва риояи қонун ошӯбгарон қатъиян рад намуда, таъҷилан аз зиндон озод карданашонро талаб кардаанд. Дар ҷараёни гуфтушунид миёни худи ҷинояткорон муноқиша ва задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваста, онҳо бо корду дигар ашёи тезу бурандаи доштаашон ба кормандони муассиса ҳуҷум ва чанд нафари онҳоро захмдор карданд”, - қайд мешавад дар маълумоти маркази матбуоти Вазорат.
Дар натиҷаи “андешидани чораҳои таъхирнопазири қонунӣ оид ба таъмини тартиботи дохилӣ дар муассиса, байни ошӯбгарони ниҳоят хатарнок талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. Айни замон вазъ муътадил буда, пурра зери назорат аст”.
Муассисаи ислоҳии №3/3, бештар маъруф бо номи “Кирпичний” дар шаҳраки Роҳатӣ дар ноҳияи Ваҳдат, 15 километрии шарқи Душанбе воқеъ аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикистан выступил с инициативой создать совместный инвестиционный фонд с Кувейтом
Власть Маска? Как его DOGE начал захватывать правительство США
Зарплаты в Таджикистане: у кого самая высокая и самая низкая?
Продукцию, содержащую пальмовое масло, продают в Таджикистане, несмотря на запрет
Съёмки фильма про дружбу Джоми и Навои, худруком которого является Люк Бессон, начнутся в апреле
Таджикская сборная по дзюдо отправится в Баку на турнир Большого шлема
Как построить в Таджикистане успешный бизнес на LED-рекламе?
Обновить стадионы, создать Центр спортивной медицины. Рустам Эмомали поручил модернизировать футбольную инфраструктуру
Молодежь Центральной Азии будет исследовать ментальное здоровье и этику ИИ
Эмомали Рахмон назначил Юсуфа Рахмона секретарем Совета безопасности
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста