Дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, дар қаламрави деҳаи Лаққони Исфара назди деҳаи Қаробоғи ноҳияи Боткен рӯзи 22 май муноқишаи навбатӣ рух дод.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара Иқбол Илёсзода хабар дод, дар ин рӯз 200 нафар сокинони деҳаи Равоти ноҳияи Боткени Қирғизистон ҳамроҳ бо кормандони мусаллаҳи Хадамоти сарҳадбонии ин кишвар дар қаламрави деҳаи Лаққони шаҳри Исфара сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур мекунанд, ки пас аз ин сарҳадбонони тоҷик барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд.

“Мақсади сокинони Равот ғасби қаламрави Тоҷикистон аст. Ин қаламрав ҳатто баҳсӣ ҳам набуда, дар хоки Тоҷикистон воқеъ аст”, - иброз дошт Илёсзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, 10 рӯз қабл низ дигар гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 6 нафар қирғизҳо ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Тоҷикистонро убур кардаанд.

“Ин иғвогарии навбатӣ аз ҷониби қирғизҳо аст, ки ба кори комиссияи байнидавлатии таъйин ва аломатгузории сарҳад монеъа эҷод мекунад”, - таъкид дошт номбурда.

Иқбол Илёсзода мегӯяд, агар қаблан баҳсҳо дар қаламрави деҳаҳои ҷамоати Ворух ва Хоҷаи Аъло рух медоданд, пас акнун дар қаламрави деҳаи Лаққон ва Чилгазӣ ба миён омада истодаанд, ки дар онҳо сокинони деҳаи Чонтали ноҳияи Боткен ба сохтмони хона ва дигар иншооти зербино дар сарҳади алҳол таъйину аломатгузоринашуда идома медиҳанд. Дар бораи маҳз бо кадолм сабаб сар задани муноқиша маълумот дода нашуд.

Ҳамчунин Иқбол Илёсзода дар саҳифаи худ дар Facebook навори видеоеро гузоштааст, ки дар он сарҳадбонони қирғиз дида мешаванд. Касе дар навор мегӯяд, ки онҳо сарҳади Тоҷикистонро гузашта, дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд.

 

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон алҳол ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳу тавзеҳ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба ВАО-и Қирғизистон, ҳодиса дар ҳудуди қабристоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки 150 метр дур аз хатти шартии сарҳад ва дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ин маҳал муайяну аломатгузорӣ нашудааст, вале аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон истифода мешавад.

Гуфта мешавад, Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, низоъ рӯзе баъд аз гӯручӯби як сокини Эски мазори ноҳияи Бодканд рух додааст, ки наздиконаш барои хондани дуо ба қабристон рафта буданд.

 


"Ҳангоми дуову фотиҳа марзбонҳои Тоҷикистон ҳозир шудаанд. Шаҳрвандони Қирғизистон талаб кардаанд, ки онҳо ҳудуди қабристонро тарк намоянд", -- омадааст дар изҳороти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Ҷониби Қирғизистон изҳор доштааст, ки "барои ҳалли даъво ба ҷойи ҳодиса марзбонҳои ду кишвар даъват шуданд ва ҳангоми музокира шаҳрвандони Қирғизистон дар роҳи марзбонҳои тоҷик гӯё нақб ё чуқурӣ кофтанд. Сарҳадбонҳои Тоҷикистон ба ҳаво як тири огоҳкунанда холӣ карданд".

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.