Наҷотбахшони тоҷик боз як амалиёти наҷоти сайёҳонро анҷом доданд. Ин дафъа оилае аз Лаҳистон наҷот дода шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 3-юми октябр тахминан соати 14:00 ба қисми навбатдории Кумита хабар расидааст, ки тахминан дар наздикии Қарокӯл ва Мозкӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ ду сайёҳи лаҳистонӣ сигнали «SOS» равон карданд.
“Кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб ва гурӯҳи ихтиёриён аз деҳаи Қарокӯл ба ҷойи ҳодиса эъзом шуданд. Онҳо соати 15:40 дақиқа бо сайёҳон иртибот барқарор карданд. Маълум гардид, ки яке аз онҳо Богдан Гас ном дошта, 38-сола будааст ва ҳамсараш Иванна Гиришска 34 сол доштааст”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ин зану шавҳар бо мошин сафар кардаанд. Роҳи онҳо аз тариқи ноҳияи Мурғоб гузашта, баъдан мебоист ба шаҳри Оши Қирғизистон мерафтанд. Аммо то ҷойи муайяншуда нарасида, муҳаррики мошин аз кор мондааст. Онҳо гуфтаанд, ки сиҳатанд ва ба кумаки тиббӣ ниёз надоранд.
Барои расонидани ёрӣ ҷиҳати таъмири мошини сайёҳон кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб онҳоро ба деҳаи Қарокӯл оварданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Уроженка Душанбе представит Таджикистан на конкурсе Шопена
17-летний сын главы Чечни стал секретарем Совбеза республики
Как прошло открытие Wildberries в Таджикистане?
Freedom Bank Tajikistan стал профессиональным участником рынка ценных бумаг Таджикистана
СМИ: Россия и Китай обходят вторичные санкции с помощью закрытой банковской системы
В Кыргызстане арестовали сотрудницу Русского дома. Ее подозревают в вербовке наемников
Власти Таджикистана выделят из бюджета дополнительные деньги на строительство правительственных объектов
За что российские силовики убили трех таджикских мигрантов?
Детским бракам – нет. ВОЗ выпустила рекомендации по предотвращению подростковой беременности
В Узбекистане будет создан Центр подготовки граждан к работе за рубежом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста