Занозании дастаҷамъона, ки ба тирпарронӣ табдил ёфт, аввали ҳафта дар ҳудуди автобазаи кӯчаи Малигин дар бозори Хилокскийи Новосибирск рух додааст. Дар он 200 нафар иштирок кардаанд.
Ба қавли шоҳидони ҳодиса, зодагони Осиёи Марказӣ, ки дар бозор ба фурӯши сабзавоту мева машғуланд, зидди гурӯҳи шахсе бо номи Темурланг бархостаанд, ки аз онҳо пул талаб мекардааст. Тибқи баъзе маълумот, Темурланг зодаи Ӯзбекистон аст.
Бино ба иттилои ВАО-и Русия, ин гурӯҳ аллакай ду сол инҷониб ба тамаъҷӯиву ғоратгарӣ машғул будааст. Ҷабрдидагон чандин маротиба ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд, лекин аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.
Муноқишаи охир 4-уми октябр оғоз гардида, баъд аз се рӯз ба ҷанҷоли оммавӣ табдил ёфтааст. Рӯзи 7-уми октябр, тибқи маълумоти КП.ру, Темурланг бо 10 шахси мусаллаҳ ба бозор омадааст. Дар наворҳои сабти видео дар Интернет дида мешавад, ки ин шахсон ниқобпӯш буда, бо автомату таппончаҳо мусаллаҳанд.
Роҳбари диаспораи қирғизҳо дар Новосибирск Жаркинбой Тойтуков ба «Азаттык» гуфтааст, кормандони бозор бо сангу чӯбдастҳо зидди гурӯҳ бархостаанд.
- Рашид, зодаи Қирғизистон аз ин гурӯҳ, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказии машғули кор дар ин бозорро ғорат мекард. Онҳо – 12 нафари мусаллаҳ бо автоматҳо боз барои ғорати савдогарон бо се автомашина ба бозор омаданд. Наздики 100 нафар тамаъҷӯёнро пеш карда, автомашинаи онҳоро оташ заданд. Се-чор нафар аз тирҳои резинӣ ҷароҳат бардоштанд. Вазъи онҳо хуб буда, аллакай дар бозоранд. Чанде аз аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуданд, аммо саркардагони асосии онҳо дар озодиянд, - гуфтааст роҳбари диаспораи қирғизҳо дар Новосибирск.
Нашрияҳои Русия менависанд, дар муноқиша наздики 200 кас ширкат варзида, 50 нафарашон боздошт шудаанд. Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, 5 нафар бо ҷароҳат аз тирҳои резинӣ барои кумаки тиббӣ муроҷиат карда, 3 касро пас аз ёрии аввалияи тиббӣ ҷавоб додаанд. Ду нафари аз сар ва чашмонашон захмишуда бистарӣ шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Мигрантов в России предложили привлекать к ответственности за необучение детей русскому языку
В Кыргызстане ввели штрафы за клевету и оскорбления в интернете
По принципу паритета. МИД Таджикистана подтвердил безвизовый въезд граждан Ирана
Как женщины в электронной коммерции создают будущее Таджикистана
Эмомали Рахмон призвал земледельцев использовать «лучшие семена и плодородные саженцы»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста