Боришоти 13 ва 14-уми май дар манотиқи гуногуни кишвар хисороти зиёд дар пай доштааст.

Офати табиӣ дар Панҷакент

Баъд аз нисфирӯзии 13-уми май дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, ба манзилҳои сокинон осеб расонид.

Шоҳидони ҳол мегӯянд, борони зиёд ба сел мубаддал шуд ва аз талу теппаҳо ба қабристони деҳа даромада, аз он ба пастӣ фаромад. Ҷӯйҳо пур шуда, об аз болои роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент ба манзили 5 оила даромадааст ва ба онҳо зиён расонидааст.

Сокинон мегӯянд, дар ин ҳодиса бештар киштзорашон талаф ёфта, зарари молӣ дидаанд.

Ба андешаи ҳамсуҳбатони мо, сабаби асосии аз ин офати табиӣ хисорот диданашон, вақти бунёди ҷодаи мошингард селроҳаро ба самти хонаи онҳо равона кардану бастани пеши роҳи об аз тарафи ашхоси алоҳида мебошад.

Зарардидагони сел бар ин назаранд, ки мақомот ба онҳо ҷиҳати бартараф кардани оқибати сел бояд кумак расонанд.

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Амонов, мудири шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент мегӯяд: “Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми майи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент боришоти аз меъёр зиёди борон ба қайд гирифта шуд. Асосан, ба канали Халифа Ҳасан ва роҳҳои кӯҳии Мазор, инчунин ба деҳаи Ғӯсар хисорот расонид. Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ҷойи ҳодиса корбарӣ карда истодааст. Зарари ҷиддӣ нарасидааст”.

Ҳамчунин шамоли сахт вазида, ба чанде аз биноҳо осеб расонидааст. Дар ин офати табиӣ аз ҳама бештар ҶДММ “Парандис” зарар дидааст. Беш аз 100 метри мураббаъ болопӯши яке аз биноҳои корхона тахриб шуда, ба дохилаш об даромадааст. Тибқи иттилои масъулинаш, ба ин корхона беш аз 100 ҳазор сомонӣ зарари молӣ расидааст.

1/7

Сел дар Хуросон

Дар се ҷамоати деҳоти ноҳияи Хуросон шоми 14-уми май сел омада, ба манзилҳои мардум даромадааст.

Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки имрӯз бегоҳ дар натиҷаи боришоти зиёди борон ба 3 ҷамоати деҳоти ноҳия, аз ҷумла, шаҳраки Обикиик, ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ ва Ҳилолӣ селоб омад.

“Вазъ дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ вазнин аст. Айни замон тамоми қувваро сафарбар карда, мардумро ба ҷойи бехавф кӯчондем. Ҳоло борон қатъ шудааст. Умед дорем, ки дигар бориши пуршиддат намешавад”, - гуфт раиси ноҳия.

Дар ҳамин ҳол, сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исмоилзода зимни суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки ҳайати шахсии ситод айни замон дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Айнӣ қарор дорад. “Мо дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатии ноҳияи Хуросон аҳолии деҳаро ба ҷойи бехавф кӯчонидем. Ҳоло вазъро баҳогузорӣ мекунем”, - гуфт ӯ.

Вобаста ба хисорот ва ё талафоти ҷонию молӣ ҳар ду манбаъ иброз доштанд, ки айни замон чизе гуфта наметавонанд ва то субҳ маълум хоҳад шуд.

Раҳматулло Сафарзода танҳо гуфт: “Сел аз маркази ноҳия ин тараф зада омад. Вазъро мо омӯхта истодаем”.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми марти соли равон ба деҳоти Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон сел омада, ба хонаҳои мардум лойқаи зиёд даромада буд. Дар натиҷаи селоб як сокини деҳаи Ҳалқаҷар ба ҳалокат расид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.