Қарибиҳои шоми 22-уми августи соли равон як навраси 12-сола аз беэҳтиётӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст. 

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ ҷумҳурӣ, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то зуҳри дирӯз, якшанбе, 23 август идома дошт.

“Билохира, Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ӯро дар мавзеъи кӯли “Ҷавонон” пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби фоҷеа оббозӣ дар ҷойи манъшуда мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.