Духтарчаи синнаш 1-солаву 10 моҳа аз баландии 30-метр дар ноҳияи Приморски Санкт-Петербург ба замин афтода, ҳалок шуд, хабар медиҳад Кonkretno.ru.
“Ҳодиса қарибиҳои нимарӯзи 24 август дар бинои 16-ошёнае, ки дар ошёнаи 10-умаш оилаи зодагони Тоҷикистон иҷора мешинанд, рух дод. Кӯдак аз назорати модари 23-солааш дур монда, назди зертахтаи тирезаи ошхона мебарояд ва аз он ҷо ба замин меафтад. Аз ҷароҳатҳои бардошта духтарча дар мошини ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расид", - хабар медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, оилаи зодагони Тоҷикистон орому некӯаҳволона зиндагӣ мекарданд. Зан хонанишин буда, мард дар мағозаи яке аз шабакаҳои фурӯш ба ҳайси боркаш кор мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.