Писарчаи 2-сола, сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ зери чархи мошини боркаши мутаалиқ ба бобояш монда, ҳалок шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи боркаш сокини 60-солаи маҳаллӣ дар дохили хонаи истиқоматиаш ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан набераи 2-солаашро пахш кардааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, хурдсол Қулматзода Ю.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 151 нафар ҳалок ва 516 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.