Шаҳло Шарипова, сокини деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент, зане, ки рӯзи 10-уми апрел бо се фарзандаш ҷасадҳояшонро дар мавзеи кӯли Кӯлаки деҳа овехта дарёфтанд, бо фарзандонаш дар Душанбе ба хок супурда шуданд.
Баъди расонаӣ шудани ин фоҷиаи мудҳиш, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як иттилоияи расмӣ ин қазияро худкушӣ номида гуфт, ки қазия бар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ рух додааст. Дар иттилоияи ВКД омодааст:
"10 апрели соли 2021, тахминан соатҳои 16 шаҳрванд Шарипова Шаҳло Эркиновна, 20.12.1988 соли таваллуд, истиқоматкунандаи деҳаи Некноти ҷамоати Рӯдакии шаҳри Панҷакент, оиладор соҳиби 3 фарзанд, бинобар ба амал омадани муноқишаи оилавӣ, 3 нафар фарзандони ноболиғашро бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ба мавзеи «Боғи Ниёз»-и ҳамин деҳа оварда, бо рӯймол дар дарахт овехта онҳоро ба ҳалокат расонидааст. Сипас худро низ бо рӯймол ба дарахт овехта ба ҳалокат расонидааст".
ВКД мегӯяд ҳодисаи мазкур тафтиш мешавад. Аммо Муҳаммадсодир Сафарзода, муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҷасадҳоро экспертиза карданд, сабаби худкушӣ ба мо маълум нест, тафтишот муайян мекунад.
"Бино ба маълумоти раиси маҳалла, ин оила шароити миёнаи зиндагӣ доштаанд. Муноқиша буд ё не ҳоло маълум нест. Падару модараш аз Душанбе будаанд, ҷасадҳоро онҷо бурданд. Ҳодиса таҳти назорати мақомот аст. Ҳамчун гумонбар падар, модари шавҳари зан ва худи шавҳарашро ба бозпурсӣ бурдаанд", - гуфт муовини раис.
Бино ба навиштаи Радиои "Озодӣ" фарзандони Шаҳло Шарипова – Муҳаммадҷони 6-сола, Шаҳнозаи 4-сола ва Аминаи 8-моҳа – будаанд.
Шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки Шаҳло Шарипова ҳамсари Лазиз Ҷӯраев, сокини деҳаи Некнот буд ва эҳтимол аввал кӯдакони худро овехта, сипас, қасд ба ҷони худ кардааст. "Имрӯз дар Некнот тӯй буд. Як гурӯҳ бачаҳо баъд аз маърака ба тамошои кӯли Кулак рафтаанд. Дар назди кӯл боғи калон аст ва дар дарахти себ се кӯдаку модарашро бо рӯймол овехта дидаанд",- гуфтааст яке аз сокинон ба "Озодӣ" .
Як сокини дигари Некнот ба "Азия-Плюс" дар мавриди ин хонавода гуфт, ки як оилаи ҳалиму меҳрубон, баробар бо ҳама буданд. Кӯдаки калонияш дар синфи якум мехонд. Зану шавҳар ба ҳам меҳрубон буданд, муноқиша надоштанд. Зане, ки худкушӣ кард, аз Душанбе арӯс шуда ба деҳаи мо омада буд ва хешовандашон аст”.
Гуфта мешавад, ҷойе, ки ҳодиса рух додааст, аз ҳавлии оилаи Ҷӯраевҳо тақрибан 300 метр дуртар будааст. Фарзияи муноқишаи оилавӣ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин маврид ҷузъиёти дигаре дар ихтиёри расонаҳо намегузоранд.
Аммо Ҳамзия Замонова, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки бо шавҳараш ҷанг кардааст ё накардааст ҳоло касе намедонад. Ин зан бегоҳии рӯзи 10-уми парел аввал се кӯдакашро баъд худро овехтааст.
"Рӯзи 11-уми апрел деҳа рафтам, дар он хона касе нест. Ҷасадҳоро, ки аз Душанбе буданд, саҳарии якшанбе онҷо бурдаанд. Дар хонаи шавҳарӣ касе нест, ҳамаро ба шӯъбаи милитсия барои бозпурсӣ бурдаанд. Як ҳамдеҳаи онҳо гуфт, ки эҳтимол зан касали васвос шуда бошад, вале ин ҳоло тасдиқ нашудааст. Одами сиҳат худкушӣ намекунад. Ҳамдеҳагон мегӯяд, ки боре ҳам шоҳиди муноқиша дар ин оила нашудаанд”.
Ҳодисаи даст ба худкушии гуруҳӣ бо фарзандон задани занон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар 6 соли ин ахир ҳодисаҳои мушобеҳ дар Тоҷикистон нигарониҳои шадиде ҷомеаро ба бор оварданд.
Аз ҷумла соли 2018 Сайрам Холова, сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор худ ва ду кӯдакашро ба дарё андохт. Соли 2016 Зӯҳро Маҳмуродова, сокини 25-солаи шаҳри Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш афканда буд. Моҳи сентябри соли 2015 Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш, бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард. Вай худро бо фарзандонаш ба дарё андохт, вале модарро наҷот доданду ҳарсе фарзандаш аз даст рафт.
Соли 2015, ҳамчунин сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо 3 тифлаш худро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳам кӯдакон фавтиданд ва модар зинда аз об берун шуд. Парвина бо ҷурми куштори фарзандони худ ба 18 соли зиндон маҳкум шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Турнир FORMULA55 CUP: яркий финальный матч состоялся в Турсунзаде
Таджикская мода покоряет мир. Наши национальные костюмы представлены на BRICS Fashion Summit
Единый QR-код с Alif Mobi: простая оплата в тысячах точек по всему Таджикистану
«Разжигая ненависть к мигрантам, мы ничего не добьемся». Рамзан Кадыров высказал разочарование миграционной политикой России
Таджикистанцы живут в долг?
Лидеры мировых религий собрались в Астане для обсуждения вопросов межконфессионального диалога
USAID поддержал проведение StartupstanSummit-2024 в Душанбе
АБР выделил дополнительные $15 млн на присоединение Таджикистана к региональной энергосистеме
Profee – система денежных переводов из Европы с максимальной выгодой для пользователей
Сколько школ в Таджикистане и странах Центральной Азии?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста