Пагоҳ, 22 июн, мурофиаи додгоҳии қазияи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода дар Русия аз сар гирифта мешавад. Ҳувайдои хурдсол 22 июли соли 2018 бераҳмона кушта шуда буд.
Вакили дифои хонаводаи Тиллоевҳо, Шавкат Умаров ба «Азия-Плюс» гуфт, ки мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 22 июн баъд аз зӯҳр дар додгоҳи вилояти Маскав оғоз мешавад.
Умаров ҳамчунин гуфт, ки ба далели хуруҷи дигарбораи COVID-19 дар Маскав эҳтимолияти мавқуф гузоштани ҷаласаи додгоҳ вуҷуд дошта, ҳамзамон имкон дорад, ки ин мурофиа тариқи видеоконфронс аз боздоштгоҳ сурат бигирад.
«Тибқи нақша, 22 июн мурофиаи додгоҳӣ дар нимаи дуввуми рӯз баргузор мешавад. Шояд гумонбар ба мурофиа интиқол дода нашавад. Ва имкон дорад, ки мурофиа ба таъхир гузошта шавад ё ба василаи видеоконфронс аз боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор шавад".
Умаров изҳори умедворӣ кард, ки ҳоло дар доираи ин парвандаи ҷиноӣ тамоми талошҳо барои он шуда истодааст, ки гумонбар бо истифода аз бархе назокатҳои қонунгузории ҷиноии Русия аз ҷавобгарӣ берун намонад.
Ӯ гуфт “ин парвандаи ҷиноятӣ ба хулосаи мантиқии худ оварда хоҳад шуд".
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 9-уми апрел баъди танаффуси тақрибан панҷмоҳа мурофиаи додгоҳии баррасии парвандаи қатлу таҷовузи духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир гардид. Додгоҳи вилояти Маскав гумонбар дар қатли духтари панҷсола Александр Сёминро ба СИЗО барои се моҳ фиристода буд.
Падари Ҳувайдо - Абдусалом Саидов рӯзи 10 апрел ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки гумонбар ба СИЗО фиристода шуд, ки ин аллакай як қисме аз пирӯзии ӯст.
«Ман ҳатто бовар надоштам, ки гумонбар дар мурофиа ҳузур хоҳад дошт. Аммо имрӯз ӯро ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристодаанд. Сёмин дигар бемор нест ва ман умедворам, ки ӯ муҷозот хоҳад шуд”,- гуфта буд он замон Саидов.
Хотиррасон мекунем, ки 22-юми июли соли 2018 аз қатлу таҷовузи Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола, ки дар шаҳри Серпухови Русия бераҳмона кушта шуд, 3 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол гумонбари қатли ӯ маҳкум нашудааст.
Ҳувайдо Тиллозода рӯзи 22-юми июли соли 2018 аз майдончаи назди хонаашон дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва рӯзи дигар ҷасади ӯро дар борхалтаи варзишӣ пайдо карданд. Дар ин ҳодиса Александр Сёмин муттаҳам шуд, ки дар ҳамсоягии онҳо мезист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
«Не хватает рабочих рук»: Путин высказался о путях решения проблемы миграции в России
Власти Тюменской области запретят мигрантам торговать табачными изделиями
Манучехр Беназирзода одержал победу на FORMULA55 CUP по FC25
Каждый житель Таджикистана ежедневно выбрасывает 100 граммов пластика
Во Франции мужчину, который в течение 10 лет накачивал свою жену наркотиками и насиловал, приговорили к 20 годам
Центральноазиатские страны лидируют в репатриации граждан из лагерей Сирии
Демографический бум Центральной Азии помог экономике?
«Когда правда становится жертвой клеветы». Бывший партнер героини материала о семейном насилии отвергает ее обвинения
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста