Додситонии вилояти Хатлон бархе ҷузъиёти ҳодисаи пурсарусадои қатли 4 узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлонро, ки 12-уми июн рух дода буд, шарҳ дод. Ин ҳодиса аз замони рух додан то кунун ҳеч гоҳе аз сӯйи мақомоти расмӣ шарҳ дода нашуда буд.

Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон дар нишасти хабарии ин ниҳод бархе аз ҷузъиёти ҳодисаро ба хабарнигорон шарҳ дод, вале гуфт, ки ба далели махфи будани амалиёти тафтишотӣ наметавонад фарзияҳои аз тарфи кӣ содир шудани кушторро расонаӣ кунад.

Ба гуфтаи додситони вилояти Хатлон, ки видеои онро рӯзноманигор Баҳодур Уроқов дар шабакаи Ютуб гузоштааст, рӯзи 12-уми июн шахсони номаълум вориди манзили шаҳрванд Маҳмадов Аҳлиддин Рустамович, дар деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун даромада, ба номбурда ва завҷааш Азизова Латофат, фарзандонаш Маҳмадова Саломатхон, Маҳмадова Саодат, Маҳмадзода Шарифҷон ва Маҳмадов Алиҷон бо истифода аз предмети тези бурандаи монанд ба табар ҷароҳати вазинин мерасонанд.

"Бо истифода аз сӯзишворӣ ду ҳуҷраи хобро оташ мезананд. Бо сабаби баста будани дари ҳуҷраҳо ва нарасидани ҳаво, оташ аланга нагирифта хомӯш шудааст. Дар натиҷа Саломат ва Саодат Маҳмадоваҳо ва Маҳмадов Алиҷон дар ҷойи ҳодиса, яъне дар як ҳуҷра ва Маҳмадов Аҳлиддин дар Беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расида, Латофат Азизова ва Шарифҷон Маҳмадов дар беморхона дар ҳолати вазнин бистарӣ мешаванд",-мегӯяд Раҳимзода.

Ба гуфтаи додситонӣ, бар асоси хабари расида ба ҷойи ҳодиса муовини якуми Додситони кулли Тоҷикистон бо гурӯҳи кории ин ниҳод ва мақомоти маҳалии вилояти ноҳия ҳозир мешаванд ва тафтишоти ин қазияи пурсару садоро комиссияи махсус тафтиш мекунад. 

Додситони Хатлон мегӯяд, ки ҳоло ҳам тафтишот давом дорад ва аз атарфи кӣ содир шудани куштор то кунун пурра муайян карда нашудааст ва амалиёти тафтишотӣ махфӣ аст ва мо то муайян кардани ҳолати кор чизе гуфта наметавонем.

Ҳодисаи ба таври фоҷиавӣ куштани чор узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон субҳи 12 июн,  сару садоҳои зиёд ба бор овардааст ва то кунун эълон нашудани далелҳо ё омилони ин қазия овозаҳое зиёдеро халқ кардааст.

Дар ин ҳодиса падари хонавода бо се фарзанди ноболиғаш кушта шудаанд, сину соли фарзандонаш то 15-сола гуфта мешавад (Аксҳои ҳодиса ва ному насаби кӯдакони кушташуда ҳам дар ихтиёри "Азия-Плюс" ҳаст, вале ба далелҳои ахлоқӣ нашр намешаванд).

Падари хонавода Аҳлиддин Маҳмадов 39-сол доштааст. Ин ҳодиса дар деҳаи Тарғоки совхози собиқи ба номи Жданов рух додааст. Модари ин хонавода бо як писари 11-солааш рӯзи тавонистаанд, ки фирор кунанд ва дар беморхона баъди табобат ҷони солим ба дар бурданд.

Баъди чанд рӯзи сар задани ҳодиса гуфта мешуд, ки мақомот се нафарро бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса дастгир кардаанд. Аммо аз онҳо то кунун ном бурда намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.