Филиали ширкати IRS, масъули хизматрасонии роҳи Душанбе-Чанак хабар медиҳад, ки имрӯз дар бемористон боз як нафари ҷароҳатбардошта бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 14 сентябр рухдода ҳалок шудааст.
“Субҳи имрӯз дар беморхона марде, ки мусофири яке аз автомашинаҳои ба ин садама дучоргаршуда буд, ба ҳалокат расид. Вазъи солимии боқимонда мусофирон ва ронандагони дирӯз ба беморхона овардашуда муътадил аст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ширкати IRS.
Дар ширкат гуфтанд, ба мусофироне, ки бар асари садама ҷароҳатҳои начандон вазнин гирифта буданд, дар ҷойи ҳодиса кумаки тиббӣ расонида шудааст.
Зикр шуд, ки тибқи маълумоти пешакӣ, автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан Хова” бинобар сабаби ноқисиҳои техникӣ бо суръати баланд ба поин фаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба бархӯрди шумори зиёди автомашинаҳо боис мегардад.
“Айни замон мақомоти салоҳиятдор санҷишу таҳқиқи сабаби аслӣ ва ҳамаи ҳолатҳои рух додани ҳодиса ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Садамаҳои нақлиёт дар ин қитъаи роҳ бисёр вақт рух медиҳанд. Ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон изҳори тасаллият мекунем”, - илова карданд дар хадамоти матбуоти ширкат.
Қаблан зикр гардида буд, ки ин садамаи нақлиёт шоми 14 сентябр дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд дар мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб рух дод.
Дар натиҷа зани сокини 50-солаи ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расида, панҷ мусофири боқимондаи ҷароҳатбардошта дар бемористони марказии ноҳияи Варзоб бистарӣ шуданд”.
Яке аз автомашинаҳои тамғаи “Toyota” бар асари зарба аз бархӯрд ба ҷарии 200-метра сарозер меравад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Импорт текстиля из Узбекистана в Таджикистан достиг $10,5 млн
Как менялся воздух в Душанбе из-за пыльной мглы?
В России официально появился самый дорогой в мире препарат
Британские СМИ: Борис Джонсон уходит в отставку
Токаев призвал диверсифицировать поставки нефти
Поменялись местами. Рубль обесценивается к сомони, а доллар начал укрепляться
С авиарейса Душанбе-Казань сняли пассажира с незадекларированным оборудованием для видеонаблюдения
МИД России разъяснил правила въезда для иностранцев в связи с отменой ковидных ограничений
Минобразования Таджикистана: «Программа дошкольного образования не выполняется»
Reuters: Евросоюз поручил направить на достройку Рогуна миллиарды
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста