Бар асари боришоти шадид рӯзи 20 июн дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон сел ҷорӣ шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки талафотӣ ҷонӣ ва зарари ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашуд.
Дар ноҳияи Хуросон бар асари сел се хона пурра хароб шудааст
«Дар натиҷаи ин офати табиӣ се хонаи истиқоматӣ бо сабаби даромадани лойқа пурра бо ашёҳои рӯзгор хароб гардидаанд», - хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.
Мувофиқи иттилои манбаъ, ба зиёда аз 30 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, иншоотҳои ёрирасон, симтӯрҳо, хатҳои барқ, роҳҳои мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашонӣ зарар расидааст.
Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон дар ҷойи ҳодиса фаъолият намуда, шумораи хонаҳои истиқоматии харобгашта ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад», - афзудааст манбаъ.
Рӯзи гузашта хонандагони «Азия-Плюс» аз омадани сел дар деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон хабар дода буданд. Ба гуфтаи онҳо, 3 касро сел бурдааст.
Сели рӯзи 20 июн ба ноҳияи Рӯдакӣ низ хисорот ворид кард
"Бинобар сабаби боришоти зиёд дар ҷамоати деҳоти Эсанбой аз талу теппаҳо сел фаромада, роҳи ҷамоат то маркази ноҳия, аз километри 16 то 54-ум муваққатан баста гардид. Иничунин дар километри 68-ум 1 адад пули мошингузар, ки маркази ноҳияро ба ҷамоати деҳоти Эсанбой пайваст мекард, пурра шуста вайрон шуд", - хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Дар деҳаҳои Ишқобод ва Чагани ҷамоати деҳоти Эсанбой сел ба 4 замини наздиҳавлигӣ ворид шуда, қисман зарар расондааст.
Дар деҳаи Машъали ҷамоати деҳоти Чоргултеппа 2 замини наздиҳалигӣ ва зиёда аз 500 метр роҳи деҳа зарар дидааст.
Дар деҳаи Шӯриён ва деҳаи Пистамазори ҷамоати деҳоти Эсанбой сел 8 сар чорвои калонро ба ҳалокат расонидааст.
Селхезӣ дар се деҳаи ноҳияи Деваштич
Дар ноҳияи Деваштич дирӯз, 20-уми июн дар деҳаҳои Басманда ва Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва деҳаи Дархони ҷамоати деҳоти И.Сомонӣ бар асари боронҳои шадид сел омад.
"Сел ба заминҳои назди ҳавлигии шаҳрвандон, хоҷагиҳои ёрирасон, заминҳои кишоварзӣ, роҳҳои маҳалӣ зарар расонда, ба 150 метр канали обгузар лойқа ва сангу шағал ворид кардааст."-хабар медиҳад КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар давоми 24 соати наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор идома ёфта, борон меборад (дар баъзе ҷойҳо шадид), раъду барқ пешгӯӣ шуда, жола меборад. Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳсори ҷумҳурӣ имкони омадани сел, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо вуҷуд дорад.
Известный российский тренер возглавил кулябский «Равшан»
Авария на высоковольтной подстанции оставила часть Душанбе без света
Какое место среди стран Центральной Азии занимает сборная Таджикистана по итогам сезона-2024
Афиша от «Азия-Плюс»: «Музыка чудес» Людовико Эйнауди, «Группа Neka и гости» и рождественский концерт
Таджикистан назвали самой зависимой от Китая страной в Центральной Азии
Владислав Бакальчук проиграл суд о передаче активов Wildberries
Тесты по русскому для детей мигрантов в России будут бесплатными
Таджикская шахматистка выиграла бронзовую медаль на чемпионате Азии-2024
В России мусульманам разрешили религиозное многоженство
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста