Дар назди яке аз маҷмааи истиқоматӣ дар деҳаи Коммунаркаи Москваи Нав ҳудуди 10 нафар муҳоҷирон ва посбонҳо ҷанҷолу занозанӣ карданд. Дар ин бора ба ТАСС рӯзи сешанбе як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
“Муноқишаи шифоҳӣ байни муҳоҷирон ва посбонҳо ба ҷанҷолу занозании гуруҳӣ табдил ёфта, дар ҷараёни он иштирокчиён аз ҷӯбдастҳо истифода карданд. Дар ҷанҷол ҳамагӣ дастикам 10 нафар иштирок доштанд”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ. Илова шудааст, ки дар бораи осебдидагон маълумот нарасидааст.
Дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар Маскав ба ТАСС тасдиқ кардаанд, ки шоми 27 июн ба мақомоти пулис дар бораи вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳраки Коммунарка хабар расидааст.
“Замони омадани кормандони пулис муноқишагарон ҷойи ҳодисаро тарк карда буданд. Айни замон кормандони пулис ба муайян кардани шахсияти афроди номаълум машғул буда, минбаъд масъалаи ҷалби онҳо ба ҷавобгарӣ мувофиқи қонун баррасӣ мешавад”, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки Telegram-канал «Многонационал» хабар медиҳад, ҷанҷол байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рух додааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар назди маҷмааи истиқоматии “Новая звезда” байни ду мард муноқиша сар зада, бо шунидани доду фарёд боз чанд нафари дигар ба ин ҷо меоянд ва занозанӣ шуруъ мешавад. Дар ҷанҷол аз сангу чӯбдастҳо истифода шудааст. Тавре ки шоҳидони ҳодиса хабар додаанд, дар ҷанҷол посбонҳо ҳам иштирок кардаанд.