Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз дарёфти ҷасадҳои ғарқшуда, ки аз нимаи моҳи июл ҷустуҷӯ мешаванд, хабар медиҳад.
Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, рӯзона 31 июл дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷасади сокини 62-солаи деҳаи ба номи С.Гадои ҳамин ноҳия дарёфт шуд, ки онро аз 17 июл меҷустанд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.
“Ҷасади сокини 8-солаи маҳаллаи Таги Қалъаи ноҳияи Дарвоз, ки 10 июл дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буд, 48 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон дарёфт шуд”, - хабар медиҳад Кумита.
Ғайр аз ин, имдодгарон ҷасади як марди 22-соларо даз об берун оварданд, ки бар асари садамаи нақлиёт ба канали Ҳисор афтода буд.
“Рӯзи 31 июл дар қаламрави шаҳри Ҳисор садамаи нақлиёт рух дод: сокини 22-солаи деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Алмосӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи “Opel Astra” набаромада, он ба канали Ҳисор меафтад. Дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. Кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор ҳамроҳи хадамоти оташнишонии ВКД ба ҷойи ҳодиса омада, ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба офатҳои табиӣ низ ба қайд гирифта шудааст.
“Бар асари боронҳои зиёд рӯзи 31 июл дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, деҳаҳои Мазори боло, Мазори поёни ноҳияи Тоҷикобод аз селроҳаҳо сел омада, ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон бо овардани лойқа ва сангу шағал зарар расонид”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.