Масҷиди ба номи “Чаҳор ёрон” дар шаҳри Ваҳдат субҳи рӯзи 23-юми январ ба коми оташ рафтааст. Сабаби сӯхтор “расиши ноқили барқ” гуфта мешавад. Дар ин бора Сулаймон Наҷмиддинов, мудири бахши танзими шаҳри Ваҳдат ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, сӯхтор соати 3-и субҳи рӯзи 23-юми январ ба вуҷуд омада, кормандони хадамоти оташнишонии шаҳр онро ба зудӣ хомӯш кардаанд.
“Масҷиди ба номи “Чаҳор ёрон” яке аз масоҷиди панҷвақтаи шаҳри Ваҳдат буда, ғунҷоиши 200 намозгузорро дошт. Бо сабаби расиши ноқилҳои барқ сӯхтор аз боми масҷид шурӯъ шуда, дару тирезаи онро сӯзонид ва дар натиҷа дохили масҷид ҳам оташ гирифт”, - шарҳ дод Сулаймон Наҷмиддинов.
Мудири бахши танзими шаҳри Ваҳдат таъкид кард, ки дар пайи сӯхтор ҳеҷ нафар зарар надид, вале ҳоло оқибати хисороти он муайян нашудааст.
Як сокини маҳаллӣ низ дар сӯҳбат бо мо ҳодисаро таъйид карда, гуфт, он шаб дар шаҳри Ваҳдат барқ буд.
Бояд гуфт, дар як ҳафтаи охир дар кишвар ин дувумин масҷиде мебошад, ки ба коми оташ меравад. Шаби 17 ба 18-уми январ масҷиди панҷвақтаи деҳаи Чаманистон дар шаҳри Ҳисор ҳам оташ гирифта буд.
Дар Хадамоти оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” ҳафтаи қаблӣ сабаби оташсӯзии масҷид дар шаҳри Ҳисорро “истифодабарии фарши гарм” зикр карда буданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар пайи сардиҳои ҳаво, дар кишвар ҳодисаи сӯхтор афзоиш ёфта, фавти одамон низ ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷумла, 14-уми январ, дар манзили истиқоматии сокини Хуҷанди вилояти Суғд сӯхтор сар зад, ки дар пайи он як мӯйсафеди 70-сола фавтид. Ҳоло таҳқиқи ҳодиса ҷараён дорад, аммо масъулини идораи сӯхторхомӯшкунии вилояти Суғд сабаби асосии сӯхтор ва афзоиши онро сардиҳои дар ҷумҳурӣ ҳукмрон маънидод кардааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 10-уми январ дар Тоҷикистон ҳавои сард ҳукмрон аст ва сокинон барои гарм кардани хонаҳову коргоҳи худ аз таҷҳизоти барқӣ истифода мекунанд ва ин боиси афзоиши ҳодисаи сӯхтор гардидааст.
Таджикистан назвали самой зависимой от Китая страной в Центральной Азии
Владислав Бакальчук проиграл суд о передаче активов Wildberries
Тесты по русскому для детей мигрантов в России будут бесплатными
Таджикская шахматистка выиграла бронзовую медаль на чемпионате Азии-2024
В России мусульманам разрешили религиозное многоженство
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 20 декабря 2024 года
Звездопад на Tarona Music Award 2024
Путин рассказал, при каких условиях готов вести переговоры с Зеленским
«Не хватает рабочих рук»: Путин высказался о путях решения проблемы миграции в России
Власти Тюменской области запретят мигрантам торговать табачными изделиями
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста