Бар асари таркиш дар як масҷиди шаҳри Пешовари Покистон дастикам 72 нафар кушта шуданд. Дар пайи ин қазия имрӯз, 31-уми январ, дар Покистон “Рӯзи мотам” эълон карда шуд. Дар ин бора хабаргузории “Geo.tv” бо такя ба хадамоти наҷоти Покистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, наҷотдиҳандагон субҳи имрӯз, сешанбеи 31-уми январ, 9 ҷасади дигарро аз зери харобаҳо берун кардаанд ва ниҳоят теъдоди ҷонбохтагон ба 72 нафар расидааст.
Ба гуфтаи пулиси Пикистон, як бомбгузори маргталаб ҳангоми намози пешин дар масҷиде, ки пур аз намозгузор, аз ҷумла пулис ва низомиён буд, маводи мунфаҷираро тарконидааст.
Пулис гуфт, ки Соҳибзода Нур-ул-Амин, имоми масҷид низ дар ин таркиш кушта шудааст. Ҳамин тавр, 150 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар маҳалли ҳодиса амалиёти наҷот идома дорад ва шумори қурбониён метавонад афзоиш ёбад.
Қаблан дар бораи 59 кушта ва 157 захмӣ хабар дода шуда буд.
Ба гуфтаи Geo.tv, масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи мамнӯи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) бар ӯҳда гирифтааст.
Мақомоти Пешовар дар тамоми бемористонҳои ин шаҳр вазъияти изтирорӣ дар бахши кумаки пизишкӣ эълом карда ва ҳамчунин ба созмонҳои наҷот дастур додаанд, ки чораҳои изтирорӣ пурзӯр шаванд.
“Ба ғаму андӯҳи хонаводаи шаҳидон шарикем”
Муҳаммад Аъзамхон, вазири муваққати Хайбар-Пахтунхва дар пайи ҳамлаи мудҳиш имрӯз, сешанбеи 31-уми январро дар ин вилоят “Рӯзи мотам” эълон кард.
Вай гуфт, ки парчами миллӣ дар саросари вилоят поён карда хоҳад шуд ва афзуд, ки “Ҳукумат ба ғаму андӯҳи хонаводаи шаҳидон шарик аст”.
Вазири муваққат инчунин ба хонаводаҳои осебдида итминон дод, ки ҳукумати вилоят онҳоро дар пайи фоҷиа танҳо намегузорад.
Изҳори ҳамдардии Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи ин қазия дирӯз, 30-юми январ, ба сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон бар асари амали террористии интиҳорӣ дар яке аз масҷидҳои шаҳри Пешовар боиси андӯҳи беандозаи мо гардид”.
“Мо ин амали террористии золимонаро қотеона маҳкум карда, ба Шумо, наздикону пайвандони фавтидагон ва тамоми мардуми бародари Покистон ҳамдардиву таслияти амиқи ин ҷонибро изҳор менамоем ва хоҳони шифои комили ҳамаи маҷруҳшудагон ҳастем”, - афзуд раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Гуфтан ба маврид аст, ки Таҳрики Толибони Покистон, як гуруҳи тундрави амалкунанда дар қаламрави ин кишвар аст, ки бо ҳукумати марказӣ мухолифатҳо дорад ва сари чанд вақт бо созмон додани таркиш ва амалиётҳои террористӣ боиси кушта шудани сокинони маҳаллӣ мегардад.
Как советский "мусульманский" батальон в 1979 году свергал афганского президента Амина
Где она, самая высокая новогодняя ёлка в СНГ?
Эмомали Рахмон направил телеграмму соболезнования Ильхаму Алиеву
Пять причин посетить Узбекистан зимой
«Главное – внимание, но и IPhone16 – тоже хорошо». Что хотят получить на Новый год жители Душанбе?
Новый тренд у таджикских подростков – фотографироваться с ножами. Откуда он появился?
В Душанбе задержали подростка, подозреваемого в нанесения ножевого ранения другому юноше
Пассажирский самолет Azerbaijan Airlines потерпел крушение в Актау
Таджикистан отстает от других стран Евразии по взаимному инвестированию
Трое из четверых – бывшие заключенные. «Азия-Плюс» поговорила с родственниками подозреваемых в убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста