Айни ҳол, оид ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон миёни қурбониёни заминларза дар Туркия иттилоъе нест. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
“Ҳоло мо талош дорем мушаххас кунем, ки оё дар миёни фавтидагон шаҳрвандони хориҷӣ вуҷуд доранд ё не. Баробари пайдо шудани чунин маълумот, мо дақиқ хоҳем кард, ки оё дар миёни онҳо шаҳрвандони мо ҳастанд ё не", - гуфтанд аз Сафорат.
Намояндагии дипломатӣ итминон дод, ки “ҳангоме ба даст овардани иттилоъ, ҳатман хабар хоҳанд дод”.
Дар ҳамин ҳол, аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Қаҳраманмараш, Хатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд ва аз заминларзаи субҳи 6-уми феврал зарар дидаанд, телефони бовариро фаъол намудааст.
Тел: + 90 312 491 16 07
+ 90 538 594 32 10 (WhatsApp)
Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз дар дар ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадид рух дод.
Тибқи маълумоти охирин, дар пайи ин заминларза беш аз 500 нафар ҳалок шуданд: шумораи ҳалокшудагон дар Туркия ба 284 нафар расида, дар Сурия бошад беш аз 230 нафар ҷон бохтанд.
Шиддати заминларза дар умқи 17,9 километр, дар наздикии шаҳри Ғозиантеп - шаҳре, ки беш аз 1 миллион нафар аҳолӣ дорад, 7,8 дараҷа будааст.
Шестеро узбекистанцев и трое туркмен скончались в Турции после употребления некачественного алкоголя
Нам нужен цифровой сомони. Раз уж интернет в Таджикистане вряд ли станет лучше…
Репортеры без границ и Комитет защиты журналистов требуют освободить редактора газеты «Пайк»
Рустам Эмомали попросил Счетную палату проверить финансовую деятельность мэрии за 2024 год
Глава СК РФ сообщил о 27 фигурантах дела о теракте в "Крокусе"
Таджикистан на 121 месте по скорости фиксированного интернета
Лос-Анджелес, охваченный пожарами, окрасился в розовый цвет
Казахстан ограничил срок действия банковских карт для нерезидентов
В Южной Корее арестовали отстраненного президента
Армения подписала документ о стратегическом партнерстве с США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста