Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳодисаи тармафароӣ ва марги 8 нафар дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба пайвандону наздикони шахсони ҳалокшуда изҳори тасаллият карда, оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар ин минтақа Комиссияи давлатӣ таъсис додааст.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат, шоми имрӯз, 15-уми феврал бо нашри як иттилоия навишт, ки комиссияи давлатӣ аз “ҳисоби шахсони масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони аввали як қатор вазорату кумитаҳо” таъсис ёфтааст.

“Дар асоси дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Комиссияи давлатӣ вазифадор шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин оқибатҳои офати табииро бартараф карда, ба оилаҳои зарардида кумаки моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили маводи хӯрока, сару либоси гарм ва дигар ашёи зарурии рӯзгор дастрас намоянд”,- омадааст дар иттилоияи Хадамоти матбуоти президент.

Гуфта мешавад, ки “рафти бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти назорати шахсии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”.

Тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.

Қаблан, дар робита ба тармафароӣ дар шаҳри Хоруғ, Эмомалӣ Раҳмон бо Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ суҳбати телефонӣ анҷом дода, “вобаста ба ҳар чӣ зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кумаки моддӣ ба оилаҳои зарардидагон ба Сарвазири мамлакат, роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дастуру супоришҳои мушаххас” дода буд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан,  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода буд, ки бар асари тармафуроӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи ВМКБ, ки имрӯз, 15-уми феврал ба амал омад, 9 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба навиштаи онҳо, танҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бар сари тармафуроӣ 8 нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар аз зери тарма наҷот дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин ҳодиса 22 хонаи истиқоматӣ: 4 хона пурра ва 18 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.

Дертар, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфт, ба ғайр аз 8 нафаре, ки дар зери тарма ба ҳалокат расиданд, чанд нафари дигар беному нишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо давом дорад.

Ин ниҳод афзуд, ҳамчунин, 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази ташхиси Хоруғи боло бистарӣ гардида, 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.


ВКД гуфтааст, дар пайи тармафуроии 15-уми феврал, 7 манзили истиқоматии зери тарма монда пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст. Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ зери тарма мондааст.

“Айни замон, Комиссияи махсус аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ба осебдидагон кумак фиристодаанд ва дар ҷойи ҳодиса Ситод оид ба бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ корҳои бартарафсозиро идома дода истодааст”,- гуфтааст ВКД.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.