Субҳи барвақти имрӯз, 23 феврал соати 5:37 дақиқа дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази он дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ воқеъ буд.
“Қувваи заминларза дар маркази он 3-4 балл аз рӯйи ҷадвали 12-балларо ташкил дод”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ бо истинод ба маълумоти зилзилашиносони тоҷик.
Ба гуфтаи ӯ, маркази заминларзаи рухдода дар 400 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, 65 киломтер дуртар аз ноҳияи Мурғоб, дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ воқеъ будааст.
Юсуфӣ илова намуд, ки дар бораи харобиҳо ва осебдидагони эҳтимолӣ маълумот нарасидааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, соати 5:37 дақиқаи субҳ дар Тоҷикистон заминларза бо қувваи 6,8 балл ба қайд гирифта шудааст.
Маркази заминҷунбӣ дар 62 километрии ҷанубу ғарб аз маркази ноҳияи Мурғоби ВМКБ дар чуқурии 20 километр қарор доштааст.
Таконҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва Покистон дар масофаи то 600 километр аз маркази он эҳсос шудааст.
Пас аз заминларза якчанд таконҳои баъдии он (афтершок) ба амал омад.
Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба маркази зилзилашиносии Чин иттилоъ медиҳад, ки қувваи заминларзае, ки дар Тоҷикистон дар наздикии сарҳад бо вилояти мухтори Синтзян-Уйғур рух дод, 7,3 баллро ташкил дод.
Такони зеризаминӣ соати 00:37 дақиқа бо Вақти ҳамоҳангшудаи ҷаҳонӣ (05:37 дақиқа бо вақти Душанбе) ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, маркази заинларза дар 67 километрии ғарби маҳаллаи аҳолинишини Мурғоб, ки дар он ҳудуди 11 ҳазор нафар аҳолӣ иқомат дорад, воқеъ будааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврал дар Туркия ва Сурия заминларзаҳо бо қувваи 7,7 ва 7,6 балл рух доданд, ки бар асари он дар ду кишвар ҳудуди 50 ҳазор нафар ҳалок ва даҳҳо ҳазор бинову хонаҳо тахриб шуданд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ин заминларзаро сахттарин офати табиии сад соли ахир дар минтақаи Аврупо арзёбӣ намуд.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста