Тибқи иттилои пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар натиҷаи заминларзаи шаби 22-23-юми март се сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, аз ҷумла 2 мард ва 1 зан ҷароҳатҳои сабук бардоштанд. Ҳамчунин, 14 чорвои калони шохдор, 52 гусфанд ва 2 асп нобуд шудаанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 23 март соати 01:07 дақиқа ба вақти маҳаллӣ заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти пешакии Кумита бо истинод ба Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази заминларза 132 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 50 километр шимолу ғарб аз минтақаи Рашт,  30 километр шимолу ғарб аз ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ буда,  маркази заминларза  6-7 километр  шимол аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд воқеъ будааст.

Гуфта мешавад, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5-6  балл,  шаҳри Душанбе 3-4 балл, ноҳияи Мастчоҳи кӯҳӣ 4-5 балл, минтақаи  Рашт  4-5 балл ва  дар ВМКБ  2-3 баллро ташкил дод.

Зикр мегардад, ки тибқи маълумоти гирифташуда аз  ҳудуди шаҳру ноҳияҳои  ҷумҳурӣ, талафоти ҷонӣ ва хисорот  ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешуд, ки дар пайи заминларзаи ахир, се деҳаи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд.

Аз КҲФ гуфтанд, ки бар асари зилзила “асосан иншооти ёрирасон, яъне оғилу говхонаҳо, ки бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ сохта шудаанд, осеб дидаанд”.

Худи ҳамон рӯз, Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳисоб кардани хисороти аз азминларза таъи дода шуда, роҳбари он сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кард.

Дар ҳамин ҳол, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар саҳифаҳои худ аксҳо аз маҳалли ҳодисаро нашр мекунанд, ки дар он оқибати заминларза дида мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳамчунин, бар асари заминларза 27 бинои истиқоматӣ дар деҳаҳои Порвоғ, Дуоба, Саридашт ва Такобаи ҷамоати деҳоти Такобаи ноҳияи Рашт қисман зарар диданд (тарқиши деворҳо).

Ҳамчунин, дар деҳаи Тегирми ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод ду бинои истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ дида, 10 бинои истиқоматӣ, як муассисаи таълимӣ ва бинои ҳукумати ноҳия қисман зарар дидаанд.

1/7

Дар ноҳияи Сангвор, дар деҳаи Фарчинги ҷамоати деҳоти Тавилдара як бинои истиқоматӣ қисман осеб дидааст (тарқишҳо дар деворҳо).

Дар ҳамин ҳол, бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо такя ба иттилои пешакии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон менависад, ки дар нтиҷаи заминларзаи шаби 22-23-юми март беш аз 720 хонавода осеб дида, беш аз 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда нобуд шудаанд.

Ҳамчунин, Радои Озодӣ аз қавли як масъулии яке деҳаҳои зарардида ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ навштааст, ки “сесад хона зарар дид ва беш аз сад чорво нобуд шуд”.

Гуфта мешавад, ки ҳаҷм ва андозаи зарар аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ муайян карда мешаванд.

Давоми чанд рӯзи охир ин дуввумин заминларзаи шадид мебошад. Рӯзи 21 март, соати 21:47 дақиқа ба вақти маҳаллӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон ва бархе аз кишвраҳои дигар заминларзаи сахт рух дод. Қувваи заминларза аз 6,5 то 7,7 баллро ташкил дод. Дар ҳамаи кишварҳое, ки таконҳо эҳсос шуд, мардум шитобкорона хонаҳои худро тарк карданд. Ин заминларза дар Афғонистону Покистон қурбонӣ ҳам дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.