Ба мардуми дар пайи заминларза осебдидаи Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷониби ҳукумати шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ ва Истаравшан кӯмакҳо дастрас карда шуд. Вазири маориф ва вакили маҷлиси намояндагон низ ба деҳоти зарардида рафтаанд. Дар ин баробар, ёриҳои ҷудогона аз ҷониби аҳолӣ низ ҷамъоварӣ мешавад.

Аз ҷониби ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ва фаъолони ноҳия барои сокинони аз зилзила осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кӯмаки яквақта ҷамъоварӣ гардидаст.

Тибқи иттилои ҳукумати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, корвони кӯмаки сокинони ноҳия бештар аз 18 тонна маводи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, тахта, шифер ва маҳсулоти ниёзи аввалия, чун биринҷ, равған, макарон, сабзиву пиёзро дар бар гирифтааст.

Ҳукумати шаҳри Панҷакент низ ба сокинони деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки аз заминҷунбӣ зарар дидаанд, дар ҳаҷми 105 тонна кӯмак расонидаааст.

Акс аз саҳифаи фейсбуки МИҲД-и ноҳияи Айнӣ

“Мақомоти шаҳри Панҷакент чун ифодаи дӯстию бародарӣ ва ҳамдилӣ барои зиёндидагони заминларза ба ноҳия 100 тонна семент ва 5 тонна маводи хӯрока дастрас намуд”, - менависад шаҳрдории Панҷакент.

Ба гуфтаи шаҳрдории Панҷакент, ҳайати мақомоти шаҳр рӯзи 25-уми март ба минтақаҳои аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рафта, бо сокинони ноҳия дидор кардаанд.

Дар ин баробар, кӯмаки ҳукумати ноҳияи Айнӣ ба миқдори 1-тонна орд, биринҷ 2-тонна, сабзӣ 1-тонна, пиёз 1-тонна, гӯшт 100-килограм, равған 500-литр ва дигар ашёи зарурӣ ба мардуми аз заминларза зарардидаи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас шудааст.

“Ҳангоми супоридани маводҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ иброз доштанд, ки дар ҳама ҳолат ҳамчун ноҳияи ҳамсоя дар канори мардуми Кӯҳистони Мастчоҳ буда, дар ин масир мувофиқи имкон пайваста кӯмаку дастгирӣ менамоянд”, - омадааст дар хабари ҳукумати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ.

Нахустин қатори мошинҳо бо хишти бетонӣ ҳамчун кумаки сокинони Истаравшан барои мардуми аз офат зарардидаи Куҳистони Мастчоҳ ба роҳ баромадааст.

Акс аз саҳифаи фейсбуки МИҲД-и шаҳри Истаравшан

Дар баробари ин, Маҳинноз Акобирова, як сокини пойтахт ба таври алоҳида барои сокинони аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маблағ ҷамъоварӣ кардааст.

Ӯ дар саҳифаи фейсбукиаш менависад, ки “то имрӯз 33 709,89 сомонӣ, 27 671,04 рубл, 100 доллар ҷамъ кардем, ки ба мардуми аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ фиристода шуданд”.

Дар ҳамин ҳол, пас аз сафари сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, рӯзи 25-уми март вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар кардааст.

Вазири маориф ва илм аз муассисаҳои таълими № 30, 4, 16 ва 26-и деҳаҳои Ярм, Роғ, Палдорак ва Пакшифи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ боздид карда, ваъдаи бартарафсозии мактабҳои осебдидаро додааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 25-уми март вакилии маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Ғиёсиддин низ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар карда, бо мардум рӯбарӯ сӯҳбат намудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларзаи ҳафтаи гузашта 318 хона осеб дида, аз ин шумор 4-тоаш пурра ва 53 хона қисман хароб гардидаанд.


Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон (КҲФ) қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буд, аз шумори умумии биноҳои харобшуда, ки бештар дар деҳаи Палдорак (165 хона) аст, маҳз дар ҳамин ҷо 4 хона пурра, 37 бинои дигар қисман ва 124 бино сабук осеб дидаанд.

Ба гуфтаи номбурда, дар пайи ин ҳодиса 3 нафар ҷароҳат бардошта, 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда ба ҳалокат расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки соати 1:07-и шаби 23 март дар 6-7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ заминларза рух дод. Қувваи заминларза дар маркази заминларза 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл, дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.