Рӯзи 5 июл дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 2 нафар ҳалок шуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мошини сабукрави Mercedes-Benz зери идораи сокини 26-солаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба самти ноҳия ба автомашинаи боркаши “Дулан” бармехӯрад.
“Ҳангоми садама дар дохили мошини сабукрав мусофирзани 54-сола, сокини ноҳияи Варзоб қарор дошт. Бар асари садама ронанда ва мусофири автомашинаи Mercedes-Benz дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.
![](https://asiaplustj.info/sites/default/files/articles/326693/photo_2023-07-05_22-29-50.jpg)
Гуфта мешавад, имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасади ҳалокшудагонро аз мошини пачақшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ронандаи автомашинаи боркаш ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст.