Рӯзҳои 15-17-уми июл дар натиҷаи гармшавии ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон эҳтимоли зиёди баланд шудани сатҳи об вуҷуд дорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) бо такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.
Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.
“Маслиҳат дода мешавад, ки сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус, сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад”, - омадааст дар хабар.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёткор бошанд.
Ин ниҳод аз аҳоли хоҳиш мекунад, ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.
“Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳи соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд”, -афзудааст манбаъ.
Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода сокинону меҳмонони кишвар метавонанд бо рақамҳои телефони 112, 223-13-11 ва 93 880 28 19 ба тамос шаванд ва масъулинро аз ҳодиса саривақт огоҳ намоянд.
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
225-44-73; 225-44-76; 225-44-90.
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
(83139) 2-60-74, 2-60-45.
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05; 2-78-28.
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:
(83322) 2-36-60; 2-34-73.
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
(83522) 2-40-57; 2-53-47.
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72; 5-15-55.
Как понять, что вы выгораете на работе? (ТЕСТ)
Почему IT-специалисты из Таджикистана переезжают в Узбекистан?
Как экономить электроэнергию в быту?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 апреля 2025 года
Глава Азиатской конфедерации велоспорта: «Душанбе – идеальная арена для такого престижного события, как MTB Eliminator»
Покорители Вселенной в Душанбе. Кто из космонавтов бывал в таджикской столице?
Радио «Озоди»: Военная прокуратура Таджикистана начала расследование гибели солдата-срочника в Рушане
Молодые представители Таджикистана получили навыки миротворчества и противодействия экстремизму
Как вернуть деньги, если по ошибке перевел их на чужой кошелек или карту?
Школьное образование в Китае: какое оно на самом деле?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста