Дар шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи гузашта ҷавонзане худро ба Сирдарё партофта, дар натиҷа ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Акмал Сангинов, корманди Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи якшанбеи 16-уми июл дар пул (мост)-и Дӯстии халқҳои мавзеи Сартӯқай дар шаҳри Хуҷанд рух додаааст.
“Ҳодисаи ғарқшавии занро, ки соати 9:20 дақиқаи пагоҳирӯзӣ содир шудааст, ду марди моҳигир шоҳид шуда, ба кормандони ҳолатҳои фавқуллода хабар медиҳанд. Ситод ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, тахмин 500 метр дуртар ҷасади занро пайдо карданд”, - гуфт Сангинов.
Акмал Сангинов афзуд, ки зан фарбеҳ ва ба эҳтимоли зиёд ҳомиладор аст.
Шахсияти зан ва сабаби худкушии ӯ маълум набуда, синну солаш 30-35 сола гуфта мешавад.
Дар минтақае, ки зан ғарқ шуда, ба ҳалокат расид, оббозӣ кардан манъ аст.
Ёдовар мешавем, ки дар 6 моҳи соли 2023 Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи вилояти Суғд 18 ҳодисаи ғарқшавиро ба қайд гирифтааст.
Генсек НАТО: страны ЕС должны тратить больше денег на оборону или европейцам придется учить русский язык
С Alif Mobi переводить деньги на Mastercard в 190+ стран можно без комиссии
Нацбанк Таджикистана выставил на продажу редкие монеты
Десятки танкеров с российской нефтью встали на якорь после новых санкций США
Академия наук - самый крупный неосуществленный проект советского Душанбе
Узбекистан и ОАЭ перед визитом Мирзиёева подписали 15 инвестиционных соглашений и контрактов
На севере и юге Таджикистана назвали лучшие города
"Я единственный, кто стоял в центре Киева". Байден выступил с последним словом
Reuters: В США подготовили законопроект, позволяющий Трампу купить Гренландию
Посольство РФ предупредило таджикистанцев о мошенниках, торгующих консульскими услугами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста