Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фапвқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) ҷустуҷӯи ҷасади ду кӯдакеро, ки бар асари садамаи мудҳиши рӯзи 21-уми июл дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳалокат расиданд, идома медиҳанд. Дар ин бора сомонаи расмии КҲФ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 21-уми июл тахминан соати 16:19 дақиқа рух додааст.
"Ронандаи 42-сола Диловар Давлатов идораи мошини тамғаи "Опел-Астра Караван"-ро аз даст дода, ба дарёи Ёвон сарозер шуд ва ҳамаи афроди дохили мошин, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расидаанд", - афзуд манбаъ.
Худи ҳамон рӯз бо талоши кормандони КҲФ ва сокинони маҳаллӣ тавонистаанд, мошинро аз дарё берун бароранд. Аз мошин ҷасади ронанда ва як марди 65-сола, ҳамчунин Бибизайнаб Гулмирзоеваи 26-сола пайдо шудааст: ӯ бо се фарзандаш дар мошин будааст.
"Бегоҳӣ наҷотдиҳандагон ҷасади Лайлои яксола, духтари Бибизайнабро низ аз дарё берун оварданд. Ҷустуҷӯи ду кӯдаки дигараш - Фаридун ва Барнои ду ва сесола идома дорад", - гуфт КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ сабабҳои садамаро ном набурда, зикр кард, ки ин ба салоҳияти КҲФ дохил намешавад.
Аз садама 4 рӯз сипарӣ шуд ва мо барои фаҳмидани ҷузъиёти ин садамаи мудҳиш ба маркази матбуоти вилояти Хатлон муроҷиат кардем. Дар он ҷо ба мо гуфтанд, ки ҳама маълумот ба Вазорати корҳои дохилии кишвар пешниҳод шудааст ва онҳо ба зудӣ дар сомонаи худ маълумоти расмиро нашр хоҳанд кард.
То лаҳзаи нашри хабар дар сомонаи ин ниҳод маълумоте дар ин бора нест ва маркази матбуоти ВКД ба зангҳои такрории мо ҷавоб ҳам намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин садама бо шарҳи ин ки он бо таъқиби маъмурони БДА ба вуҷуд омадааст, нашр шуд.
Радиои Озодӣ бо такя ба манобеаш аз миёни сокинони маҳаллӣ навиштааст, “мошине, ки ба садама дучор шуд, барои итоат накардани ба амри нозирони БДА аз ҷониби нозирон таъқиб мешуд ва эҳтимол ҳангоми фирор бо суръати баланд чаппа шудааст”.
Манобеи расмӣ то ҳол ин гуфтаҳоро таъйид накардаанд.
Иран стал третьим государством – наблюдателем при ЕАЭС
Успей выиграть приз от «Душанбе Сити Банк» и Visa
В Таджикистане обновили мобильное приложение «Мои налоги». Теперь через него можно получить и патент
В России предложили запретить мигрантам менять место работы
Боец из Таджикистана стал претендентом на звание лучшего в Open FC по итогам 2024 года
Стала известна предположительная причина авиакатастрофы в Актау. Баку может потребовать от Москвы извинений
Власти Кыргызстана запретили скрывающую лицо одежду
Таджикистан нарастил импорт в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 декабря 2024 года
Семь самых громких преступлений в Таджикистане в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста