Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Панҷ як писарбачаи 4-сола ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.
Ин ҳодиса тахминан соатҳои 16:30 дақиқаи рӯзи 19 декабр рух додааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 58-солаи автомашинаи “Форланд-Текин” Маҳмад Миршарифзода аз самти ҷамоати деҳоти 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ба маркази ноҳия равон будааст.
“Зимни ҳаракат ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагарди ноболиғ - Сумайёи 12-сола ва Абӯбакри 4-сола аз оилаи Назаровҳоро пахш мекунад. Дар натиҷа кӯдакон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мегиранд. Абӯбакр баъдан дар бемористон ҳалок шуд”, - омадааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Тибқи маълумоти ВКД, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 418 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам 12,4% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.