Бар асари ҳавои номусоид дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати ногувор ва хатарнок қарор гирифтанд. Шаби 14 январ дар роҳи мошингарди Остона - Петропавловск автобуси мусофирбар вайрон шуд. Он аз шаҳри Сургути Русия меомад.
Тавре ки ВКД Қазоқистон дар Телеграм-канали худ хабар медиҳад, ин ҳолат бар асари сармои шадид дар вилояти Ақмола ба амал омадааст.
Гуфта мешавад, қубури ҳавокаши автобус аз кор баромалда, ронанда ва 65 нафар мусофирон, аз ҷумла кӯдаки 10-сола ва 14 нафар занон - ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ мондаанд.
“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷо бо ронандагон нуқсонро дар ҷойи ҳодиса бартараф намуда, автобусро то наздиктарин нуқтаи гармидиҳии шаҳри Оқкӯл гусел карданд. То ифтитоҳи расмии роҳ ва иҷозаи барқарор шудани ҳаракати нақлиёт, шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ҷо мемонанд”, - зикр мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкати Asian Express, ки ба Қазоқистон низ хатсайрҳо роҳандозӣ мекунад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки айни замон автобусҳои ин ширкат ҳафтае як маротиба рӯзҳои сешанбе танҳо бо хатсайри Душанбе - Маскав равуо мекунад.
“Дар натиҷаи барфрезии зиёд дар роҳҳои Русия ва Қазоқистон ҳаракати автобусҳо бо ин хастсайр аз 12 декабри соли 2023 то моҳи марти соли ҷорӣ боздошта шуд”, - илова карданд дар он ҷо.
Маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои Қазоқистон
Ба асари обуҳавои номусоид дар Қазоқистон, ки сармои 33 дараҷа ва тӯфони барфӣ пешгӯӣ мешавад, дар 42 қитаъи роҳҳои таъиноти ҷумҳуриявии ин кишвар ҳаракати нақлиёт маҳдуд шудааст.
Дар хабари Оператори миллии роҳҳои автомобилгарди таъиноти ҷумҳуриявии QazAvtoJol дар Телеграм-канал гуфта мешавад, маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои 9 вилояти Қазоқистон ҷорӣ шудааст.