Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 18 июн бар асари боришот аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел фаромадааст.
“Дар натиҷа роҳи байни деҳаҳо баста шуда, ҷиҳати рафъи вазъият тадбирҳо андешида мешаванд”, - омадааст дар хабар.
Ҳамин рӯз соати 19:45 дар километри 39-уми роҳи мошингарди Лабиҷар - маркази ноҳияи Санговор сел фаромада, ин қитъаи роҳ баста шудааст.
Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи махсуси хадамоти истифодаи роҳи ноҳия сафарбар шуда, соати 02:05 дақиқаи 19 июн роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт тариқи он барқарор карда шуд.
Гуфта мешавад, рӯзи 17 июн дар километр и 140-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки тариқи мавзеи Сариқоши ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омада, дар натиҷа роҳ баста шудааст.
“Барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳи алтернативӣ (дигар) кушода шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон хадамоти истифодаи роҳ ва техникаи махсуси ноҳияи Нуробод сафарбар шуданд”, - менависад КҲФ.
Зимнан зикр мегардад, ки бар асари ҳодисаҳои селфароӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳои зиёд ба қайд гирифта нашудааст.