Прокуратураи генералии Қирғизистон дар робита ба Низомхон Ҷӯраеви мавриди ҷустуҷӯ қарордошта ҳеҷ дархосте аз ҷониби Тоҷикистон нагирифтааст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии кишвари ҳамсоя хабар доданд, дар робита ба Низомхон Ҷӯраев ба онҳо «аз мақомоти давлатии Тоҷикистон ҳеҷ гуна дархости расмӣ ё мактуб нарасидааст».
Котиби матбуотии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Гулмира Борубоева ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар бораи дархости расмӣ оид ба аз ҷониби Ҷӯраев убур кардани марзи Қирғизистон ва дар қаламрави ин кишвар қарор доштани ӯ дар даст ҳеҷ маълумоте надорад.
«Агар мақомоти Тоҷикистон берун рафтани ин шаҳрванд аз қаламрави Тоҷикистонро манъ карда бошанд, Агентии зиддифасоди Тоҷикистон мебоист ба КДАМ ё ВКД Қирғизистон дархости расмӣ ирсол мекард. Хадамоти мо иҷрокунанда аст ва ман оид ба дархосте дар ин бора хабар надорам. Ба ҳар ҳол, ҳатто дар сурати дар ин ҷо қарор доштани ин шахс, ман дар ин бора иттилоъ ҳам дода наметавонистам, зеро ин маълумоти мафхиест, ки бевосита ба шаҳрванд марбут аст», - гуфт Борубаева.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон расидани мактуби расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошт ва истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев ба онҳоро низ рад карда буд.
Чанд рӯз қабл зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назрати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб ба журналистон изҳор кард, ки соҳибкори тоҷик, собиқ роҳбари корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Низомхон Ҷӯраев тибқи маълумоти расида ба Агентӣ, дар қаламрави кишвари ҳамсояи Қирғизистон паноҳ мебарад.
Ӯ қайд карда буд, ки ба мақомоти дахлдори Қирғизистон ҷиҳати истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистон дархост ирсол гардида, вале алҳол ба он посух нагирифтаанд. «Парвандаи Низомхон Ҷӯраев мебоист рӯзи 18-уми июн баррасӣ шавад, «аммо Ҷӯраев таври номаълум санаи 16-уми июн, баъди ба дасташ расидани даъватнома барои ҳозир шудан ба суд, бедарак шуд »», - иброз дошта буд ӯ.
Қобили зикр аст, ки санаи 23-юми июни соли равон Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев мавриди ҷустуҷӯ эълон шуд.
Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврпупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраев ба Тоҷикистонро манъ намуд.
Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд. Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.
Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.
Когда в Таджикистане наступит Навруз?
Мясные лавки в Душанбе: как продавцы устанавливают цены и чем недовольны покупатели?
Эмомали Рахмон посетит Россию с официальным визитом
В Таджикистане создана рабочая группа по борьбе с материнской и детской смертностью
Reuters: США возобновляют поставки Украине бомб GLSDB после их модернизации
Таджикистан намерен привлечь саудовскую ACWA Power к строительству солнечных электростанций
Сборная Таджикистана едет на «Большой шлем»-2025 в Грузию
Шаг назад. Как закрытие USAID повлияет на аграрный сектор Таджикистана?
Спецпосланник Трампа Стив Уиткофф улетел из Москвы. Он прилетал на переговоры с Путиным
Президент Кыргызстана предлагает ввести безвизовый режим в странах Центральной Азии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста