Соли гузашта дар соҳаи маориф ва тандурустии Тоҷикистон 101 ҷинояти марбут ба коррупсия ошкор карда шуд.

Роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли сипаришуда бори нахуст низоми мутамаркази қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ роҳандозӣ шуда, ба ин васила ҳолатҳои тавассути роҳу воситахои коррупсионӣ дохил шудан ба макотиби олӣ кам шуданд.

«Ҳолатҳое ошкор карда шуданд, ки миёнаравон ва омӯзгорон тахминӣ пора мегирифтанд, яъне агар қабул шавад, ин гӯё бо мусоидати онҳо шумурда мешавад, вале ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷараёни супурдани имтиҳонот дахолат карда наметавонистанд», - гуфт ӯ.

Ба иттилои Фаттоҳ Ғоиб, соли 2014 кормандони Агентии зиддифасод дар маҷмӯъ 1471 (соли 2013 – 1325) ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсиониро ошкор намудаанд. «Дар ин давра дар сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 70, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – 57, ВКД – 46, Вазорати нақлиёт – 16 ва Вазорати кишоварзӣ – 16 адад ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шуданд», - гуфт номбурда.

Ба қавли роҳбари Агентӣ, дар Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезия – 36, Кумитаи андоз – 18 ва сохторҳои бонкии кишвар - 127 ҷиноятҳои марбут ба ҳолатҳои коррупсионӣ ошкор карда шудаанд. «Аз ин шумор 224 ҷиноят аз ҷониби кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир карда шуд», - афзуд Ф.Ғоиб.