Саид Иброҳим Назар, мушовири раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз нафароне, ки моҳи августи соли 1990 дар баргузор намудани анҷумани таъсисотии Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Астрахан саҳмгузор буд, бо қарори суди яке аз ноҳияҳои пойтахт барои серзанагӣ ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.
Дар сюжете, ки шоми рӯзи 27 май тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, мансабдори ҲНИТ зимни бозпурсии муфаттиш далели серзанагии худро эътироф мекунад.
Дар ин навори телевизионӣ таъкид мешавад, ки Саид Иброҳим Назар дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ карда, бо занон якҷоя хоҷагидорӣ кардаву аз онҳо кӯдак доштааст.
Ғайр аз ин, дар сюжет сабти видеоии аз шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасшуда намоиш дода шуд, ки дар он тафсилоти маҳрамонаи мушовири раиси ҲНИТ бо як зан, ки бо ӯ ақди никоҳ надоштааст, ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар суҳбат бо муфтаттиш С.И.Назар ҳақиқӣ будани ин сабтро низ тасдиқ кард.
Погода в Таджикистане в январе: тепло в долинах, холод в горах и возможные снегопады
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 января 2025 года
С Новым годом, дорогие друзья!
Tarona Music Award-2024: 15 звезд на одной сцене!
В «Ориёнбанк» подвели итоги акции с розыгрышем квартир и электромобилей
2025 год Зеленой Деревянной Змеи: что он принесет?
Что смотреть на новогодние праздники: 10 новых и самых новогодних фильмов
Селёдка под шубой: ТОП-5 необычных оформлений самого новогоднего блюда
Мэр Душанбе поручил искать гранты на ремонт ветхих электросетей и водопроводных линий в столице
Гульсифат Шахиди: «Тот, кто получил достойную жизнь, прежде всего много трудился»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста