Ҳафт тан аз аъзои оилаи Раҳматовҳо - сокинони шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов барои гунаҳкорӣ дар қатли аъзои оилаи Бобоевҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуданд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, суди вилояти Суғд Олим Раҳматовро ба ҳабси абад, Адиба Раҳматоваро ба 30 сол, Сарвиноз Раҳматова, Қиёмиддин Раҳматов, Адҳам Раҳматов ва Ваҳҳоб Раҳматовро ба 28-солӣ ва Валӣ Раҳматовро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Боз як узви оилаи ҷиноятпеша - сокини 49-солаи шаҳри Хуҷанд Муҳиддин Раҳматов, яке аз гумонбарони қатли 5 узви хонаводаи Бобоевҳо, аз ҷумла 3 нафар ноболиғон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 7 сентябри соли гузашта дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд  аз олам даргузашт .

Қобили зикр аст, ки  шаби рӯзи 2 июни соли 2013  дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ афроди номаълум як оилаи бутун, аз ҷумла се нафар ноболиғонро ба қатл расонида буданд. Ин ҳодиса дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайваста, бо истифода аз силоҳи оташфишони автомат ҷинояткорон Аҳмадхӯҷа Бобоев, ҳамсари ӯ Ҳаётхон Бобоева, фарзандони ноболиғи онҳо – Рухшона Бобоеваи 16-сола, Суҳробҷон Бобоеви 15-сола ва Санҷарбек Бобоеви 6-соларо ба қатл расонида буданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, тибқи иттилои ниҳоди тафтишотӣ, як қисми далелҳои шайъӣ - ҷавоҳироти тилоии тасарруфгардида ва олоти ҷиноят - силоҳи оташфишони тамғаи “Калашников”, бо 12 адад тири ҷангии қутраш 5,45-миллиметра дарёфт ва мусодира карда шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи боздошти оилаи Раҳматовҳо бо намоиши як навор эълон дошт, ки оилаи Раҳматовҳо дар куштори 7 сокини ҷавоҳирфурӯши Суғд ва ғорату раҳзании тиловориву ҷавоҳирот ва пули онҳо ба маблағи беш аз яку ним миллион сомонӣ айбдор дониста мешаванд. Дар ин навор Ваҳҳоб Раҳматови 75-сола мегӯяд, фарзандаш ба вай як аслиҳаи Калашниковро дода, пинҳон кардани онро хоҳиш кард ва ӯ онро ба халоҷо (туалет) партофтааст.

Бино ба маълумоти пулис, Муҳиддин Раҳматови фавтида соли 1999 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Қазони Русия барои қочоқи маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон ба 10 соли ҳабс маҳкум гардида, соли 2004 аз зиндон раҳо шудааст. Бародараш – Олим Раҳматови 44-сола низ бо ин ҷурм қаблан ду маротиба, дар солҳои 2010 ва 2012 ҳабс шуда буд.

Бародари аз ҳама калонӣ - Валӣ моҳи июли соли гузашта аз рӯи далели парвариши ниҳолҳои дорои маводи нашъаовар дар полизи шахсиаш боздошт шуда, боз як узви ин оила - Сироҷ Раҳматови 38-сола солҳои 2007, 2011 ва 2013 ба иттиҳоми ғоратгарӣ ва даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маҳкум шудааст. Айни замон ӯ дар муассисаи ислоҳи қарор дорад.

Бародари аз ҳама хурдӣ Аҳлиддин Раҳматов моҳи октябри соли 2013 дар сиинни 28-солагӣ бар асасари истеъмоли аз меъёр барзиёди маводи мухаддир ҳалок шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли гузашта сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милиса Шариф Назарзода ба журналистон иттилоъ дода буд, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешае, ки бо истифода аз силоҳи оташфишон дар қаламрави вилояти Суғд ҷиноятҳои вазнин содир кардааст, ошкор гардид.

Муайян карда шуда буд, ки давоми ин муддат гурӯҳ як қатор ҷиноятҳои вазнин содир намуда, 1 млн. 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои соҳибкоронро ғорат кардааст.

Аз рӯи далели ин куштор прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз карда, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуд. Мақомот он замон барои маълумот дар бораи гумонбарони ин амал дар ҳаҷми 30 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ эълон карданд.

Ахири моҳи июни соли 2013 зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд дар Хуҷанд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо намуд, ки барои ҳарчи зудтар ошкор кардани ин ҷиноят ва ба маҳкама кашидани гунаҳкорони он ҳамаҷониба кӯшишу талош варзанд, зеро ин ҷиноят ҷомеаи кишварро ба изтиробу ҳаяҷон оварда буд.

Аз ҷониби мақомоти тафтишот муайян карда шудааст, ки ба ҳодисаҳои куштор бевосита мардони оилаи Раҳматовҳо даст дошта, ҳамсар ва духтари Муҳиддин Раҳматов ба фурӯши маснӯоти заргариву ҷавоҳироти ғоратшуда машғул мешудаанд.

Дар наворҳои видеоии бозпурсии онҳо гумонаршудагон ба содир кардани ҷиноятҳо иқрор мешаванд. Ваҳҳоб Раҳматов иқрор мешавад, ки аз силоҳи оташфишон доштани писаронаш ва содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби онҳо огоҳ буд, вале баҳри пешгирии ин ҳеҷ талоше наварзидааст.