Боз 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави Чин дастгир шудаанд, ҳукми худро дар зиндонҳои ин кишвар мунтазиранд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки барои истирдоди онҳо ба ватану адои ҷазо дар маҳбасҳои Тоҷикистон ва ё содир шудани ҳукми ҳабси абад ба ивази ҳукми қатл нисбати онҳо, Душанбеи расмӣ тавассути ҳамаи роҳу воситаҳои дипломатӣ талош меварзад.
Ӯ қайд кард, ки дар масъалаи шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов, ки чанд рӯз қабл дар Чин нисбаташ барои гуноҳи даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳукми қатл ба иҷро расид, ВКХ Тоҷикистон танҳо моҳи декабр ба ҷониби Чин бо дархости бекор кардани ҳукми қтл ду ёддошт (нота) фиристодааст. «Аммо талошҳои мо бенатиҷа анҷом ёфта, ҳукми қатл ба иҷро расонида шуд», - иброз дошт ӯ.
Вазир аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими қаламрави кишварҳои хориҷианд, даъват ба амал овард, ки дар макони кору таҳсил ва иқомат қонунҳои ин кишварҳоро риоя намоянд.
Ёдрас мекунем, ки Ҳасан Юсуфов, соҳибкори тоҷик, панҷ сол пеш дар Урумчӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, ба ҳукми қатл маҳкум гардид. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки тамоми талошҳо барои тағйири ҳукми қатли Ҳасан Юсуфов дар Урумчии Чин бенатиҷа анҷом ёфта, эъдоми ӯ субҳи рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта сурат гирифт.
Тобути Ҳасан Юсуфов - соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расид, рӯзи 2 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.
Саудовская Аравия требует сертификат о вакцинации против менингита от путешественников. Где привиться в Таджикистане?
Сречко Катанец покинул пост тренера сборной Узбекистана по футболу
Банк «Эсхата» запускает для своих клиентов Google Pay
Прокуроры 22 штатов оспорили в суде указ Трампа об ограничении получения гражданства США по праву рождения
Парламент Ирака практически легализовал детские браки, расширив полномочия исламских судов
Лавина на трассе Душанбе-Чанак накрыла семью с маленьким ребёнком. Их спасли очевидцы ЧП
Таджикистан отправил гуманитарную помощь населению Газы
Узбекистан и Россия подписали программу стратегического партнерства в сфере обороны до 2030 года
На черноморское побережье – новые выбросы мазута из затонувших танкеров. Уже погибли тысячи птиц, отравлена морская фауна
Казахстан построит три новых аэропорта в курортных зонах
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста