- Суди шаҳри Маскав ҳабси собиқ директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуевро, ки дар ташкили занозании оммавӣ дар ин қабристон айбдор карда мешавад, қонунӣ арзёбӣ кард, - хабар медиҳад Интерфакс.
«Қарори суди ноҳияи Пресненск бидуни тағйир боқӣ гузошта шуда, шикоятҳои апеллятсионии адвокатҳо Овсянников ва Лашнев қонеъ гардонида намешавад», - қайд мешавад дар қарори суд, ки рӯзи сешанбе аз рӯи натиҷаҳои баррасии шикояти ҷониби ҳимоя эълон шуд.
Ҳамин тариқ, қарори таҳти ҳабс қарор доштани Чабуев ҳукми қонунӣ гирифта, ҳамчунин шикоятҳои апеллятсионии ҷониби ҳимояи ҳуқуқшиноси ширкати «Техэнергосервис» ва муассиси клуби варзишии «Здоровье нации» Александр Бочарников, собиқ корманди пулис Никита Мошенко, ки баъди муноқиша дар оромгоҳ аз кор сабукдӯш шудааст ва айбдоршаванда Сергей Козлов дар ҷаласаи минбаъдаи судӣ баррасӣ мешаванд.
Қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем , ки мақомоти тафтишоти Русия боздоштшудагон - директори қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав Юрий Чабуев ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро ба ташкили муноқиша ва куштор айбдор карданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 май бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар тоҷикистониён ҳалок ва беш аз 20 нафари онҳо ҷароҳат бардоштанд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия нисбати панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон , ки дар ҳодисаи занозании оммавӣ дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав иштирок кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита изҳор намуд , ки баҳри ҳимояи 5 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нисбаташон дар робита ба ҳодисаи муноқиша дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, мусоидат мекунад.
Соглашение по госгранице: Какими участками обменялись Таджикистан и Кыргызстан?
Летние школы и стажировки в Азии. Дедлайны уже близко
Дорога в Ворух будет нейтральной
Что таджикистанцы знают о политических партиях и кандидатах в парламент?
В Таджикистане представили AION – первое кредитное бюро на базе ИИ
Toyota провела в Душанбе конференцию для дилеров
Парламентские выборы в Таджикистане: от начала до сегодняшнего дня
Гражданин Таджикистана арестован в США по обвинению в поддержке ИГИЛ и терроризме
Россия продлила запрет на экспорт бензина. Затронет ли это Таджикистан?
Афиша от «Азия-Плюс»: Выставка Парвин Юсуфи, вечер музыки от MUZA и ярмарка мастеров «МартАртМаркет»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста