Имрӯз дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои марказхи матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, дар кори ҳайати мушовара масъулини вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, раисони як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»,  вазъи баррасии аризаю иттилоот оиди ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, сабабҳои содиршавии ин ҷиноятҳо нисбати хурдсолону ноболиғон ва чораҳои пешгирии онҳо мавриди  муҳокима ќарор гирифтанд. 

Дар ҷаласа инчунин  ҳолати иқрои қонун «Дар бораи милитсия»  ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки фаъолияти нозирони минтақавии мақомоти корҳои дохилиро дармубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ба танзим медароранд, низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Оид ба масъалаҳои зикршуда ахбороти сардорони раёсатҳои марбутаи Прокуратураи генералӣ ва масъулини сохторҳои дахлдори вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шунида шуда, натиҷаи фаъолияти онҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба тањлилу арзёбӣ гардид.

Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо тавсияҳои судманд дода шуд.