Адвокати маъруфи тоҷик Шуҳрат Қудратов тибқи қонуни авфи ба муносибати 25-солагии Истиқлолият қабулшуда ба озодӣ мебарояд. Ӯ моҳи январи соли гузашта маҳкум шуда, айни замон дар муассисаи ислоҳии №3/4, воқеъ дар шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад.

Пайвандону наздикони Шуҳрат Қудратов ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки ба наздикӣ ӯ аз зиндон раҳо шуда, имрӯз санаи аз маҳбас раҳо шудани ӯ муайян мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13-уми январи соли 2015 суди шаҳри Душанбе Шуҳрат Қудратовро ба 9 соли зиндони низомаш шадид  маҳкум кард. Ба ӯ ҳамчунин дар муддати ду сол пас аз озодӣ машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ низ манъ карда шуд.

Аввали моҳи марти ҳамин сол Суди олии Тоҷикистон аз муҳлати ҷазои адвокат Шуҳрат Қудратов 5 солу 4 моҳ кам кард. Ӯ ҳамчунин ба пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87,6 ҳазор сомонӣ низ уҳдадор шуд.

Шуҳрат Қудратов яке аз адвокатҳои соҳибкори маъруф Зайд Саидов мебошад, ки ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.