Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ду мардеро боздошт намуданд, ки барои таъмини рӯзгори худ ба ҷодугарӣ машғул будаанд. Тибқи маълумоти тафтишот, ҳардуи онҳо узви Ҳизби фаъолияташ дар ҷумҳурӣ маъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон будаанд.
Дар шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон дар бораи боздошти ду мард - сокинони ноҳияҳои Шаҳринав ва Ҳисор гузорише намоиш дода шуда, онҳо шахсан дар бораи «кирдорҳои бад»-и худ назди камера ҳикоят карданд.
Дар гузориш қайд шуд, ки онҳоро кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шаҳринав ва кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор боздошт кардаанд.
Сокини ноҳияи Шаҳринав Рӯзиқул Дӯстмуродов ҳамчун «доумлло» ва сокини Ҳисор - Фатҳиддин Саймиддинов ҳамчун «қорӣ» маъруфанд. Ҳарду боздоштшуда маълумоти олии динӣ ё дунявӣ надошта, барои таъмини рӯзгору зиндагӣ ба ҷодугариву баргузории расму оинҳои динӣ машғул будаанд ва барои ин корҳо аз аҳолӣ пул мегирифтаанд.
Аз ҷумла, Рӯзиқул Дӯстмуродов ба боварии як духтари ҷавони сокини Шаҳринав даромада, ба ӯ ваъда додааст, ки бо ҷодугарӣ ба ӯ барои ба шавҳар баромаданаш кумак мекунад. Дар ниҳояти кор ин духтар ба шавҳар набаромада, ба маъшуқаи «домулло» табдил меёбад. Муддати ду сол Дӯстмуродов бо ин духтар муносибати маҳрамона доштааст. Ба гуфтаи худи боздоштшуда, баъдан ӯ маҷбур шудааст, ки маъшуқааашро ба писари худ ба занӣ диҳад, ки аллакай зану фарзанд доштааст.
Сокини Ҳисор Фатҳиддин Саймиддинов ба он гумонбар дониста мешавад, ки ба ивази пардохти як миқдор маблағи муайян ба ҳамдиёри худ ваъда додааст, ки бо дуъову сеҳру ҷоду ба бозгашти бародарӣ ӯ аз Сурия кумак мекунад ва барои ин дархост кардааст, ки барояш риштаи дарозиаш аз Тоҷикистон то Сурия биоваранд. Ҳар бори муроҷиат «қорӣ» аз ӯ пул мегирифтааст. Табиист, ки ӯ бародари муроҷиаткардаро аз Сурия баргардонида натавонистааст.