Шаҳрванди Афғонистон Шоҳиззат валади Сироҷиддинро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба гумони кӯшиши муомилоти як миқдор пулҳои қалбакии сомонӣ боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КДАМ Тоҷикистон иттилоъ дод, ин шаҳрванди Афғонистон дар қаламрави бозори наздимарзии «Рузвай»-и ноҳияи Дарвоз боздошт ва аз ӯ 11 адад пулҳои қалбакӣ ё сохтаи арзишашон 100-сомонигӣ дарёфт шудааст.

Дар бозпурсии нахустин Шоҳиззат валади Сироҷиддин изҳор доштааст, ки ин пулҳоро аз ҳамсояаш гирифта, аз қалбакӣ будани онҳо хабар надоштааст ва ният доштааст, ки онро дар Тоҷикистон барои харидории маҳсулоти ғизойӣ сарф кунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан 3 бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон амал мекарданд, вале бо сабаби хатари ҳамлаи толибон ба онҳо аз Афғонистон, бозорҳо дар Ишкошим ва Тем баста шуда, танҳо дар бозори «Рузвай» рӯзҳои шанбе хариду фурӯш сурат мегирад.