Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон бо қарори санаи 22 ноябр содиршудаи суд дар бораи пардохти ҷубронпулӣ ба сарбози латкӯбшуда Шаҳбол Мирзоев розӣ нест.

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати мазкур Муҳаммал Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳади бо қарори суд мувофиқ набуда, аз болои ин қарор шикояти таҷдиди назар бурданист.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе рӯзи 22 ноябр оид ба ин мурофиа Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ (ҷамъ 5 ҳазор доллари ИМА бо қурби ҳозира) ба Шаҳбол Мирзоев уҳдадор кард.

Қобили зикр аст, ки ахири соли гузашта, дар ҷараёни мурофиа оид ба ин парванда, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ  аз суд дархост намуд,  ки даъвои наздикони сарбоз Шаҳбол Мирзоеви аз ҷониби ҳамхизматаш латукӯбшуда оид ба ҷуброни зиёни моддиву маънавӣ ба маблағи 241 ҳазор сомонӣ рад карда шавад.

Ёдрас мекунем, ки сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Рӯзи 19-уми июни соли ҷорӣ суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз рӯйи ин парванда судшаванда Усмон Ғайратовро ба 9 соли зиндон маҳкум намуд. Баъди мавриди амал қарор гирифтани ду қонуни авфи ахир, аз муҳлати ҷазои ӯ камтар аз се сол боқӣ мондааст.

Моҳи майи соли 2015 Суди гарнизони Душанбе дар бораи қисман қонеъ кардани даъвои сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев оид ба ҷуброни зиёни моддӣ ва маънавӣ ҳалнома содир намуд. Суд Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 97 ҳазору 265 сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни моддӣ ва ҳамчунин 20 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷуброни зиёни маънавӣ (аз 180 ҳазор сомонии талабшуда) ба даъвогар уҳдадор кард, лекин баъди ин ҳам ҷонибҳо аз даъвоҳояшон даст накашида, моҳи августи соли 2015 Ҳайати мушовараи Суди олии Тоҷикистон бо баррасии шикоятҳои таҷдиди назари тарафҳо, қарори суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 25 майи соли 2015-ро комилан бекор шумурда, парвандаро ҷиҳати баррасии нав ба суди ҳарбии гарнизони Душанбе фиристод.