Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтааст, ки дар  11 моҳи соли 2020 дар ин вилоят 541 ҷиноят сабти ном шудааст. Ин Ситод ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин давра дар ВМКБ 304 силоҳи гуногунро мусодира кардааст. Ин нукотро сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ, сарҳанг Рустам Мирзомуродзода дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар ҳузури котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст.

Бино ба иттилои дафтари сухангӯйии  ҳукумати ВМКБ, сардори Ситоди байниидоравии таъмини амният дар вилоят Рустам Мирзомуродзода гуфтааст, ки дар 11 моҳи соли равон вобаста ба ҳамаи самтҳо 541 ҷиноят сабти ном шудааст. Дафтари матбуот ҳамчунин бо нақли қавл аз сардори РВКД мегӯяд, ки дар ин давра 10 нафар шахсоне, ки дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштан дастгир гардидаанд.

РВКД мегӯяд, ки 15 фоизи ҷинояткорони дастгиршуда сокинони шаҳри Хоруғ буда, дар ин давра 12 ҳолати дахолат ва монеъ гардидан ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, махсусан дар дидбонҳои амалкунандаи БДА ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба 13  нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаст.

Шабакаи ТВ Бадахшон суханронии Рустам Мирзомуродзодаро дар ин ҷаласа нашр кардааст, ки бино ба гузориши он гуфта мешавад, ки "дар якҷоягӣ бо ММИҲ вилоят аз гурӯҳои муташакили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида дар шаҳру ноҳияҳо 304 силоҳи оташнишон, аз ҷумла 36 силоҳи оташнишони тамғаи автомат Калашников, як адад грантамёти зидди тонкӣ, 24 адад писталети Макаров, 28 адад карабин, 99 адад ТОЗ, 80 адад милтиқи шикорӣ ва 8 адад найзакорд мусодира карда шудааст".

Ҳамчунин бино ба ин гузориш «миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ: аз қабили 2460 тирҳои гуногун, 87 тирдон, 39 нориҷак, 7 снайради гуногун, 32 кг маводи тарканда, 12 адад капсулаҳои тарконанда, 3 адад гулӯлаи тарконанда, 3 адад аманит, 1 адад амунал ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд".

Бино ба ин гузориш имсол дар вилоят дар робита ба гардиши маводи наъшадор 22 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 86 кг 110 грамм мавод дарёфт шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар кори ин ҷаласа дар баробари котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, ҳамчунин вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода, вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода низ ҳузур доштаанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.