Айбдоркунандаи давлатӣ имрӯз аз суд дархост намуд, ки фармондеҳи взводи яке аз қисмҳои ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадиро барои то ба худкушӣ оварда расонидани сарбози 20-сола 14 соли зиндонинизомаш шадид маҳкум намояд.

Мурофиаи судӣ дар суди ҳарбии гарнизони Душанбе ҷараён дошта, фармондеҳи взводи қ/ҳ 0120 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Ёрибек Саидов ба содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ: 143 (Шиканҷа) ва 250 (Тамаъҷӯӣ) гумонбар дониста мешавад.

Ӯ ду сарбоз - Ҷаҳонгир Қурбонов ва Меҳроҷиддин Беҳзодро ба дуздии радиатори автомашинаи мутаалиқ ба қисми ҳарбӣ гунаҳкор карда, аз онҳо дар ҳаҷми 400 сомонӣ ҷубронпулӣ талаб мекунад ва мегӯяд, ки агар маблағро наоранд, дар ин бора ба прокуратура хабар дода, назди сарбозон шарманда мекунад.

Дар натиҷа сарбози қаторӣ Ҷаҳонгир Қурбонов ба таҳқирҳои мунтазам, латукӯбу шиканҷа ва кирдори бераҳмона тоб наоварда, рӯзи 11 сентябри соли 2016 бо роҳи ба дор овехтан даст ба худкушӣ мезанад.

Минбаъд дар ҷараёни тафтишот ошкор шудааст, ки радиатор 27 августи соли 2016 гум шуда, онро сарбози дигар - Баҳодур Шарифов дуздидааст.

Волидони сарбози ҳалокшуда ба худкушии фарзандашон шубҳа дошта, бар ин назаранд, ки писари онҳо эҳтимол кушта шуда бошад.

Аз чап - падари сарбози ҳалокшуда.
Акс: Asia-Plus

Мурофиа оид ба баррасии парвандаи мазкур санаи 13 март идома меёбад.