Маҳбуси моҳи ноябри соли гузашта аз зиндони низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд фироркарда Амонуллохон Носирӣ боз ба 5 соли дигари зиндон маҳкум шуд.

Тавре як манбаъ аз прокуратураи вилояти Суғд хабар дод, дар робита ба ин парванда корманди муассисаи ислоҳии низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд Даврон Набиҷонов низ дар курсии айбдорӣ менишаст, вале ба гуноҳаш иқрор шудан ва бори нахуст ҷиноят содир карданашро ба инобат гирифта, суд ӯро аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод намуд.

Маҳкумшуда Носирӣ Амонуллохон рӯзи 24-уми ноябри соли 2016, аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо фирор намуда, баъди ду рӯзи ғайриқонунӣ дар озодӣ қарор доштанаш, номбурда дар ҳудуди деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дастгир ва ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шуд.

Зикр мегардад, ки маҳбус Амонуллохон Носирӣ, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, деҳаи Шуртанг буда, солҳои гуногун  се маротиба суд шудааст.

Нисбати ӯ соли 2005 мутобиқи талаботи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди 120 соат корҳои ҳатмӣ, соли 2009 бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ ва санаи 04.07.с.2013, барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар асоси талаботи моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Исфара ба мӯҳлати 11 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо таъин карда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли 2016 ин ҳодисаи дуюми фирори маҳбусон аз муассисаи ислоҳии 3/3-и шаҳри Хуҷанд мебошад. Шоми рӯзи 17 июни соли гзашта аз муассисаи ислоҳии 3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати  адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар  шаҳри Хуҷанд маҳбусон - Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсупов ва Мирзозариф Қаюмов кӯшиши фирор намуда буданд.

Рамзуллохон Додохонови 28-сола, сокини шаҳри Исфара барои ҷиноятҳои характери террористидошта ба мӯҳлати 20 сол, Ҳабибҷон Юсупови 36-сола, сокини шаҳри Хуҷанд барои роҳзанӣ бо истифода аз силоҳ  ба мӯҳлати 20 сол ва Мирзозариф Қаюмов сокини шаҳри Хуҷанд барои содир намудани ҷиноятҳои характери экстремистидошта ба мӯҳлати 14 соли зиндон маҳкум шуда буданд.