Пайрави ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия», сокини 26 солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шариф Очилов барои узвият дар ин ҳаракат ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Судяи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамзамон раиси ин мурофиа Зирзода Боирҷон хабар дод, ки Очилов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуда, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки ӯ соли 2014 ба сафҳои ҳаракати «Салафия» пайваста, ба тарғиби афкору ақидаҳои ин равияи мазҳабӣ машғул будааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2009 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи мазҳабии «Салафия»-ро дар қаламрави кишвар манъ кард. Ин ҳаракат ифротгаро эътироф гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.