Корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Марям Шарифзодаи 24-сола, ки рӯзи 16 май назди хонааш аз ҷониби афроди номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта буд, аз кор озод шудааст.
Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ба «Азия-Плюс» дар ин роита иттилоъ дод, ки Марям барои риоя накардани интизоми меҳнат аз кор барканор шуда, мудом ба кор дер меомадааст. Ӯ аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.
Дар робита ба далели лату кӯби корманди милитсия номбурда қайд кард, ки аз рӯи ин ҳодиса мақомоти прокуратура тафтишро идома дода истодааст.
Ёдрас мекунем, ки Марям Шарифзода назди манзилаш аз ҷониби ду нафар шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифта, ин ҳодиса замоне рух дод, ки ӯ аз хонааш дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ барои пулгузаронӣ ба телефонаш ба кӯча баромада буд.
Қаблан дар Кӯлоб шаби 14 май шахсони номаълум ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳиддин Юлаев дарафтода, бо зарбаҳои корд ӯро маҷрӯҳ карда буданд.
Баъдан ВК хабар дода буд, ки ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса 6 нафар сокинони Кӯлоб боздошт шудаанд, ки ҳамаашон пайравони равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» мебошанд.