Парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели ду таркиш, ки соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа рух дода буданд, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Тавре ба «Азия-Плюс» прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода хабар дод, тафтиши парвандаи таркишҳои санаи 30 январ ва 12 марти соли ҷорӣ анҷом ёфта, ба суд фиристода шудааст.
«Дар содир намудани ин ҷиноятҳо 5 нафар - Шарифҷони Зокир, Раҷабҷони Зокир, Равшан Файзиев, Рустам Амирхоҷаев ва Саъдӣ Саидов гумонбар дониста мешаванд, - гуфт прокурор. - Онҳо мутобиқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 195 (Муносибати ғайриқонунӣ бо аслиҳа ва дастгоҳи тарканда)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор карда мешаванд».
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи фаъолияти муштарак муяссар шуд, ки дар фурсати кӯтоҳ ин ҷиноятҳоро ошкор ва гумонбарони содир кардани онҳоро боздошт кунанд.
Ёдрас мекунем, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа як мард дар ҷойи кораш қурбони таркиш шуд. Таркиш дар паҳлӯи бинои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон соати 21:30 дақиқаи рӯзи якшанбе, 12 март рух дод.
Ҳамчунин қаблан рӯзи 30 январ дар як деҳаи наздики маркази маъмурии вилояти Хатлон, бештар маъруф ба маҳаллаи Ломоносов низ субҳгоҳон дар автомашинаи «Хундай», мутаалиқ ба корманди ширкати мобилии «Билайн» таркиш рух дода, касе осеб надида буд.