Айбдоркунандаи давлатӣ ба адвокат Бузургмеҳр Ёров барои қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат боз 17 соли дигари зиндон дархост намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешовандону наздикони адвокат хабар доданд.
Қобили зикр аст, ки Бузургмеҳр Ёров қаблан ба 25 соли зиндон маҳкум шуда, акнун дар маҷмӯъ метавонад ба муҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад. Мурофиаи додгоҳӣ нисбати адвокат пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад.
Имрӯз муҳлати умумии аз озодӣ маҳрум шудани Ёров мутобиқи ду парвандаи ҷиноии пешин 25 солро ташкил медиҳад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, судшаванда ба муҳлати бештар аз 30 сол маҳкум шуда наметавонад. Аз ин рӯ, агар адвокат ҳозир гунаҳкор дониста шавад, суд метавонад ӯро ба муҳлати то 5 соли дигар ҷазо диҳад.
Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба ҳабс гирифта шуд. Ҳабс баъди тасмими ӯ доир ба ҳимояи манфиатҳои аъзои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки таҳти тафтишот қарор доштанд, сурат гирифт.
Баъдтар адвокатро боз мувофиқи се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла «даъватҳои оммавӣ ба фаъолияти ифротгароӣ» айбдор карданд.
Суди шаҳри Душанбе санаи 6 октябри соли гузашта адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, қаллобӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сохтакории ҳуҷҷатҳо гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 23 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Моҳи марти соли равон Суди олии Тоҷикистон Ёровро барои «беэҳтиромӣ нисбати суд» зимни суханрониаш ҳангоми баррасии парвандаи якум боз ба 2 соли дигари зиндон маҳкум кард. Баъдан нисбати Бузургмеҳр Ёров боз ду парвандаи ҷиноӣ - ба гумони қаллобӣ ва таҳқири Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон боз шуд.
Пайвандону наздикони адвокат мегӯянд, ҳамчунин нисбати хоҳар ва бародари Бузургмеҳр - Хосият ва Ҷамшед Ёровҳо низ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Ҷамшед Ёров дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 247 (Қаллобӣ) ва 189 (Даъватҳо ба амалисозии фаъолияти ифротгароӣ) айбдор карда мешавад. Нисбати Хосият Ёрова мутобиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 307-и КҶ ҶТ ҳамчунин нисбати Муаззама Қодирова, адвокати Бузургмеҳр Ёров низ боз шудааст. Дар натиҷаи таҳдиду фишорҳо ин зан нахуст аз ҳимояи ҳамтои худ даст кашида, сипас батамом қаламрави Тоҷикистонро тарк кард.