Баъди охирин маротиба супурдани хӯрокворӣ хоҳари Ғаффор Мирзоев аз бародараш ҳатто навиштаҷоти дастрас шудани ин маҳсулотро нагирифтааст.

«Ҳозир мо намедонем, ки аҳволи ӯ чӣ гуна аст. Рӯзи 4 август ман ба ӯ хӯрокворӣ бурдам. Маъмулан маъмурияти зиндон баъдан ба ман навиштаҷоти ӯро дар бораи қабул кардани он меоварданд, ин дафъа бошад, аз ӯ ҳеҷ навиштаҷоте нагирифтам», - гуфт Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев.

Ғаффор Мирзоев ба иттиҳоми содир намудани як қатор ҷиноятҳо ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда, аллакай муддати 11 сол аст дар зиндон адои ҷазо мекунад.

«Ман бовар надорам, ки ӯ худашро хуб ҳис мекунад. Ба ӯ дар се моҳ як бор гирифтани маҳсулоту лавозимоти зарурӣ ва ду маротиба боздид дар як сол иҷозат дода шудааст. Бори охир ман ӯро 20 май дида будам. Он вақт ҳолаташ хуб буд. Вале баъди ба ман аз СИЗО хабар додани гуруснанишинӣ эълон кардани ӯ, ман бовар надорам, ки вазъи ӯ хуб аст. Ҳамон вақт ба ман гуфтанд, ки гӯё ӯ ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ гузаронида шудааст», - мегӯяд Ойиша Мирзоева.

Ба қавли ӯ, бародараш ба дастгоҳи иҷроияи президент ба унвони роҳбари он Озода Раҳмон бо дархости бозбинӣ шудани парвандааш мактуб навишта, ба он посух гирифтаанд, ки он ба Вазорати адлия ирсол шудааст ва сипас ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати бо кумаки тиббӣ таъмин набудани ӯ нома навиштаанд ва аз он ҷо посух додаанд, ки ӯ бо кумаки тиббӣ таъмин аст.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Ғаффор Мирзоев бобати бозбинӣ шудани парвандааш мутобиқи қонунгузорӣ қариб 100 нома навиштааст, зеро муддати 10 соли адои ҷазо ба ягон қонуншикание даст назадааст. «Вале чаро касе ӯро намешунаваду парвандаашро бозбинӣ намекунад?», - мегӯяд ӯ.